Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар он ҷо бенаво буданд мурғон,
Гурезон оҳувон аз чашмасорон.
Ба ҳоли одамон саг нола мекард,
Ба саҳро доғ дар дил лола мекард.
Ба ёдам ҳаст, дар бозору майдон,
Халоиқ борҳо бардошт исён.
Адолатҷў, ҳақиқатхоҳ мешуд,
Ғазабнок аз ҷафои шоҳ мешуд.
Амон ҷустанд мардум аз амирон,
Вале гаштанд дар ин роҳ қурбон.
Ба халқ омад мадад, дарвоза во шуд,
Бинои зулму бедодӣ фано шуд.
Ба он ҷо лашкари озодӣ омад,
Насими навбаҳори шодӣ омад.
Ба болои сари мо зад шарора,
Ба ранги сурх ҷоноҷон ситора.
Фақирон зиндагӣ аз сар гирифтанд,
Далерон роҳи фатҳовар гирифтанд.
Адиби мо ҳам аз нав зинда гардид,
Ба мисли чашмаи ҷўшанда гардид.
Фиканд аз дўш дунёи куҳанро,
Гирифт аз пою аз гардан расанро.
Ба нури субҳи озодӣ назар кард,
Ба васфи нури оламгир сар кард.
Ба дарди халқ, дарди худ даво ёфт,
Нафасозодгиранда ҳаво ёфт.
Яроқашро мубориз аз қалам кард,
Ҳақиқатро, тамаддунро алам кард.
Адиб аз қатра ҳам тобандатар шуд,
Қиёми халқ – дарё, ў гуҳар шуд.
Ман онро интизорам, интизорам,
Ба дарвоза – ба вокзал чашмдорам.
Қатор омад вагон, поезд омад,
Ба ҷони интизорон ҷон даромад.

пешина
аз 143
навбатӣ