ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

– Медонам, зӯри ман ба касе нарасад ҳам, мерасад ба ту Лоҷувард… ба ту Ромиш.
Чуноне ки мерасид пештар зӯрам бар шумо… Солҳои студентӣ дар ёдатон ҳаст? Баъд ту Лоҷувард дигар чӣ лозим ба ин Ромиш?… Баъди он чизи дар ҷавонӣ шуд вай туро қабул надошта буд… Акнун қабул медорад магар?… Баъд Лоҷувард… акнун донистам, фақат ту метавонӣ бардорӣ ҳама чизи маро, бори маро. Ғайри ту каси дигар бардошта наметавонад ин ҳама бори маро…
Ромиш ҳоло шояд яқин дониста буд, ки бо калид наметавонад дарро кушодан ва кадом чиро мекофт ҳоло ва аз ҷевони лоқу пари долон-ё шояд ҷевони зиддисӯхторӣногаҳон кувалди зангзадаро дарёфта буд. Ва онро ба даст гирифту хурсанд гардид: бо ин дарро шикаста даромадан осон ва Лоҷувардро бурдан мумкин. Ва назди дар омад ва бо тамоми зӯр бо кувалд ба танаи даре, ки то ҳанӯз бо тамоми зӯрзаниҳояш кушода нашуда буд, барзад. Шояд зарба беҳад сахт буд, ё шояд яке аз чубҳои танаи дар нисбати дигаронаш заифу ковок буд, ки баршикасту ҷудошудаи он ҳамроҳи кувалд ҳатто ба дарун парид. Ва тахминан як ваҷаб бару ду ваҷаб дарозӣ ва сурохӣ ба вуҷуд омада буд бар танаи дар.
Неъмат аз ин роғ кадом чиро бидиду ҳайрон бимонд ва карахт ҳам шуд. Зеро ҳарчанд зани вай Лоҷувард ин маротиб бо восилаи тирезае, ки кушода меистод, нагурехта буд, вале бо дӯсти солҳои навҷавонии худ-бо Ромиш истода буд, балки…
Ромиш кашида буд ба оғӯш Лоҷуварди варо, балки зани варо… Балки Неъмат намефаҳмид, ки Лоҷувард Ромишро бӯса мекунад ва ё Ромиш бӯса мезанад Лоҷувардро? Балки мебӯсиданд ҳардуи онҳо ҳамдигарро? Боиштиёқу ташна мебӯсанд якдигарро, гӯё хатари даромадани Ромишро, хавфу хатарҳои гузаштаву навхезаро ва тамоми оламро фаромӯш мекарданд. Балки рӯйдоди дигари олам аҳамият надошт акнун барои Лоҷувард ва барои Ромиш. Балки фаромӯш карда буданд гӯё ҳамаро ва Неъматро ҳамчунин. Неъматро фаромӯш карда мебӯсиданд Ромишу Лоҷувард якдигарро, чунон ки гӯё муҳаббати наврӯид бошад дар миёни онҳо. Боиштиёқу борағбат, ташнаву зор мебӯсиданд якдигарро онҳо… Гӯё ҳаргиз халалпазир нашуда буд муносибате, ки як вақт буд миёни онҳо дар навҷавонӣ-айёми донишҷӯии худи унҳо...
Ромиш ин ҳамаро медид, вале даромада ҳам наметавонист, ки дар ҳарчанд як тахтааш аз миён даршикаста ва роғ пайдо карда буд, аммо кушода нашуда буд. Ва кувалде, ки бо он дигар қисматҳои дарро шикаста, дармадан мумкин буд, андаруни хона, ба дурӣ парида буд.
Мебӯсиданд Ромишу Лоҷувард ҳамдигарро ва ҳатто ба ин ҳама нигаристани Неъматро ва ин ҳамаро дидани Неъматро эҳсос намекарданд. Ва гӯё Неъмат вуҷуд надошт боз барои онҳо, чунон ки вуҷуд надошт барои онҳо дар оғози навҷавониву навошиқии худашон. Неъматро фаромӯш карда буданд онҳо, чунон ки фаромӯш мекарданд дар навҷавонӣ ҳамеша варо. Фаромӯш мекарданд даме, ки ба ҳамдигар баста мешуданд ва майле доштанд…
Неъмат ҳамаи инро медид, вале он ҷо даромада наметавонист ва дар кушода нашуда буд ва кувалд ба дарун парида дур гардида буд, худи Неъмат ҳам гӯё дигар мадор надошт барои кушодани дар. Ромишу Лоҷувард бошанд ҳамоно мебӯсиданд якдигарро ва инро дидани Неъматро эҳсос намекарданд. Ва Неъматро фаромӯш карда буданд, чунон ки фаромӯш мекарданд дар навҷавонии худашон ҳамеша варо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё