Зеҳн
ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 59 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан
  • ҷумбиданд боз лабони Лоҷувард, андаруни хона, паси тирезаи кушода,
  • Ту аз аввал медонӣ, ки… ин писари ман… аз марди дигар…
  • тарафи дар рафт нигоҳи Лоҷувард. Даре, ки меларзид, меҷумбид. Ва паси он падари писараш буд, яъне Неъмат буд…
    – Лекин барои ман… Барои ман акнун… фарқ надорад инаш,
  • ҷумбиданд лабони Ромиш боз.
  • Барои ман акнун чизи асосӣ ҳамин, ки вай писари ту. Писари ту… Азони ту, ки бошад, пас азони ман низ мешавад. Инро фаҳмидам, имшаб, вақте ки миёни борон қадам мезадам то дами субҳ. Балки фаҳмидам ҳозир, ба чунин хулоса омадам ҳамин лаҳза…
  • чанде хомӯш буд-Ҳаа, асос, вай писари ту. Пас барои ҳамин азиз аст барои ман ҳам...
  • Ромиш муддате тааммул кард: - Баъд ману ту бояд аз пайи табобати ин писарак шуда бошем, ки месулфад мудом. Ба вай… ба писари ту… мисли писари худам нигаристам бори аввал имрӯз, балки лаҳзае пештар худи ман…
    Лоҷувард ба ларза омада буд.
    Ромиш меистод рӯ ба рӯи вай. Рӯ ба рӯи Лоҷуварди коҳида, хаста, беҳол ва миёни абрувонаш ду рахи ожанг чуқуртар нишаста.
    Ромиш ҳам коҳидаву хаста буд, пуризтиробу пурҳаяҷон метофт, балки ларзаи ниҳон дошт.
    Дар ҳамоно меҷумбид, яқин варо кушодан мехост Неъмат дар ниҳоят бо калидҳои зиёди дасти худаш.
    – Худатон медонед, ки ба касе зӯри ман нарасад ҳам, мерасад ба Шумо. Ба ту марасад Лоҷувард, ба ту Ромиш. Ёдатон ҳаст? Дар ҷавонӣ. Хобгоҳи донишҷӯӣ…
    Худатон медонед, ки…
  • сухани Неъмат буд, ки аз паси дар меомад.
    – Ману ту…
  • лабони Ромиш ҷумбиданд боз андаруни хона. Ҳамон Ромише, ки ҳанӯз чашм намеканд аз Лоҷувард.
  • Ману ту… баъди ун ҳама саргузашт фаҳмидем, ки на вобаста ба фиреби дигарон… на вобаста ба гардиши зиндагӣ… одамӣ муҳаббат мекофтааст, ҳамдилӣ мекофтааст… тамоми умр…
  • ва чанде хомӯш буд,
  • Ҳаа, мисли солҳои ҷавонӣ… шояд боз… аз иҷорахона, ё хобгоҳ шурӯъ кардан лозим ҳамаашро…
    Вале акнун… бо тарзи дигаре…
    Ва аз якдигар чашм канда наметавонистанд ҳанӯз Ромишу Лоҷувард.
    – Намедонам…
  • ҷумбиданд лабони Лоҷувард: - Намедонам…
  • чанде хомӯш монда буд.
  • Барои ин зӯри ман мерасад ё не? Зӯри ту чӣ?…,
  • ин маротиба Лоҷувард тулонӣ хомӯш монд.
  • Хусусан баъди ҳар чизе, ки шуда дар миён… зӯри ману ту мерасад акнун барои ҳамаашро аз сар шурӯъ кардан?…
    – Зӯри ту мерасад? Намедонам. Зӯри ман мерасад? Инро ҳам намедонам… – Ромиш боз хомӯш монда буд.
    – …Вале ягона коре, ки мо метавонем ҳамин монда акнун…
  • Ромиш гуфта буд инро ҳам.
  • Зеро дил… Дили ман… Дили ту… Дили ту чӣ мегӯяд дар ин масъала? Аа?
    – Дили ман?… Дили ту?…
  • Лоҷувард ба андеша рафта буд.
  • Онҳо то охир ба ақидаи ҳозирашон мемонда бошанд, ё вобаста ба тағири дунё тағир мехӯрда бошанд, чунон ки тағир хӯрда будем айёме ману ту…
    – …Намедонам…
  • Ромиш пичиррос зада буд.
    – Пас ду роҳе монда барои ман: ё гурехтан лозим аз ин ҷо, ё баргаштани ман лозим бо Неъмат ба хонаи вай?
    Аз беруни дар калидҳои дигарро истифода мебурд барои кушодани дар Неъмат.
    Писараку духтараки поён ҳамоно аз пояи норбон ҳайрон менигаристанд, ки чаро падару модарашон нафаромадаанд аз болохона? Чаро таваққуф кардаанд, ки дарро кушода, даромада метавонад Неъмат ва модари писаракро-Лоҷувардро бурда метавонад ба хонаи худаш бо ҳама роҳу васоил.
пешина
аз 59
навбатӣ