ВАҚТЕ КИ БОЛОИ ШАҲР БОРОН МЕРЕХТ

– Худатон медонед, ки ман бо ҳама роҳу васита мебарам шуморо,
- овози Неъмат омада буд боз.
Андаруни иҷорахона духтари Ромиш барои падараш пичиррос зад:
– Ин холама Шумо фароред, - ва худаш аз паи мадад расондидан шуд ба писари Лоҷувард.
- Халтачаҳоро ҳам шумо фароред,
- илова кард барои Ромишу Лоҷувард аз сари тиреза духтарча.
– Ду рӯз боз кори мо фақат гурехтан бо воситаи тиреза… - пичиррос зад хайёлолуд ва хаста Лоҷувард, ки маълум набуд барои худаш гуфт ва ё барои Ромиши дар паҳлӯяш монда.
- То куҷо мегурехта бошем-аа?…
Духтарак, ки яқин ба баромаду фаромади норбон таҷриба дошт, писаракро ба осонӣ поён бурд; сари вай ва сари писарак ғайб зада буданд аз паси тиреза.
Дар ҳамоно меҷумбид, яъне Неъмат кушодан мехост бо ҳама роҳу васоит онро.
Лоҷувард тарафи тирезаи кушода майл намуд. Сӯи норбоне майл намуда буд, ки поғундаҳои он писарашу духтаракро поён бурд.
Ромиш ҳанӯз ноҷумбон меистод ва чашм намеканд аз Лоҷувард.
Ва Лоҷувард бо салафанқоғазҳои дасташ ба тиреза баромаданӣ ва аз норбон паси он фаромаданӣ буд.
Ромиш ҳанӯз чашм намеканд аз ин бонуи хастаҳоли рангпарида.
– …Ту… бояд… наравӣ… - ниҳоят ҷумбиданд лабони Ромиш.
Лоҷувард ҳайрон ба вай нигарист.
– Охир… - сӯи даре, ки бештар шароқошарақ мекарду маларзид, дида бурд Лоҷувард.
- Дигар илоҷе надорам ғайри рафтан…
Неъмат ҳанӯз аз ин бонуи басо хасташудаву рангпарида чашм намеканд.
– Ману ту аз хонаву дарамон рафтем? Ҳамту не? Аслан ин корро бояд мекардем пештар. Кайҳо… - Ромиш лаҳзае хомӯш монд.
- Лекин аз баҳри ҳама чиз баромаданамон медонӣ барои чӣ буд?…
Лоҷувард аз Ромиш, ки инро пурсида буд, чашм намеканд, вале ҷавоб намедод.
Ромиш ҳам амсоли худаш хаставу беҳол метофт.
– Барои он, ки… Яқинтараш мекофтем… Касеро мекофтем, ки…
Лоҷувард ҳамоно аз Ромиш чашм намеканд.
– На вобаста ба ҳама рӯйдод ва шудаҳо… на вобаста ба ҳама чиз мекофтем…
пинҳонӣ… Мекофтем пинҳонӣ якдигарро… - Ромиш хомӯш монд.
- …Аз хонамон рафтем, ки шояд ёбем якдигарро…
- афзуда буд чунин.
Лоҷувард ҳанӯз чашм канда наметавонист аз Ромиш.
– Мегурехтем аз дигарон… барои он, ки расида бошем… Расида бошем шояд ба якдигар?... Ман сарфаҳм рафтам ба ин ҳоло. Ин лаҳза… Чаро ин лаҳза?… Намедонам... - Ромиш боз хомӯш монда буд.
Лоҷувард аз ӯ чашм намеканд.
– Гумон мекунам акнун… Балки кайҳо… дер шуда… - сухани Лоҷувард буд ниҳоят.
- Ману ту дигар донишҷӯ не, ки… Навҷавону навдухтар не, ки сар карда тавонем ҳамаашро аз сари нав… Чунон воқеаҳо шуданд дар миён, ки… Худат медонӣ ҳамаи онро,
- чанде хомӯш монда буд.
- Ҳар чизи дар миён шударо фаромӯш карда метавонӣ ту? Ё фаромӯш карда метавонам ман?…
Ромиш акнун чизе гуфта наметавонист. Вале аз Лоҷувард чашм намеканд.
Дар алвонҷ мехӯрд.
Калидҳои Неъмат андаруни қулф тоб хӯрдан мехост.
Духтари Ромиш, ки кайҳо писараки Лоҷувардро поён фароварда буд, менигарист ба норбон, ки ҳанӯз холӣ буд ва аз тирезаи кушода касе пайдо намегардид.
Писари Лоҷувард ҳам аз поён менигарист ба тирезаи кушода, ки чаро модараш намефарояд то ҳанӯз? Дар хавотир буд писарак яқин.
– …Ту аз аввал медонӣ, ки ин писари ман аз касе, ки…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё