Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва ҷӯрагиву бародарии мо тадриҷан аз кориву идорӣ ба хонаводагӣ табдил ёфт. Тифлони маро ҳатто пеш аз худи ман Убайд Раҷаб ба бағал гирифта, бо мошинаш аз таваллудгоҳ меовард. Мо аслан ҳеҷ гоҳе бобо надоштем ва калимаи боборо дақиқ дарк намекардем. Бинобар ин, ману Гулчеҳра бобои бачаҳо гуфта, Убайд Раҷабро ёд мекунему бас. Ҳатто дар Америка ҳам ӯ бобои хондаи хонаводаи ғариби мост.
Убайд Раҷабро дар қишлоқчаи Сӯфиёни мо низ бисёр ёдовар мешаванд. Ҳар дафъае дар хонадони қишлоқии мо азову ҷаноза воқеъ мешуд, пеш аз ҳама устод Убайд Раҷабро медидам, ки дар паҳлӯи мардум то ба пуштаи хокдон рафта, таскину тасалло медод. Аз ҳандақи гӯристони мо назар ба мардум шояд Убайд Раҷаб бештар даромада бошад. Ҳамон пуштамазоре, ки хасу хору гулу гиёҳаш ба оби чашм сабзидаанд.
Тӯдаи абри равон буду дар он тӯдаи абр Товасангони сафеду сияҳи гӯристон, Тӯдаи абри равон буду дар он тӯдаи абр Тали пурхору хаси деҳкадаи Сӯфиён…
Дар рӯзҳое, ки нашъи бародари ҷавонмаргам, профессори Институти педагогии шаҳри Воронеж Темур Собировро оварда, нав ба хок супурда будем, яке устод Мирзо Турсунзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Убайд Раҷаб ва Лоиқ ҳозир шуда, як қишлоқро саросема карданд. Охири моҳи июни соли 1977, айни меваю хӯшаву дарав. Мӯсафедони олиҷаноби Сӯфиён ҳанӯз зинда буданд. Мӯсафеди Саидалии дароз, ки қоматаш аз як километр менамуд, мӯсафеди Саттор, ки дар сояи ғафсаш чой мехӯрдем, махсуми Эмом, ки Хӯҷаи Хизраш мегуфтанд, Мирзо Турсунзодаи ҳақиқиро зиёрат карда, дар қадамаш намоз мехонданд. Аз даре кӯрпачаи шоҳиву аз даре табақи зардолӯи қандак мебаромад. Ва дар боғе, ки нишастанд, шохаҳо аз серборӣ каппа зада, ба замин мерасиданд. Лекин ҳамин, ки аз роҳи калон ба Сӯфиён мепечидӣ, поят дар хоки сафеди тафсон то ба зону ғӯтида, дар кӯчаҳо гирдбод чарх мезад. Аз ин рӯй ранги мошини меҳмононро шинохта намешуд, аз гардани Сайфуллои шофир ба ҷои обу арақ лойоба мешорид. Худи устод Турсунзода арақшор фуромада, «ба шоирон бовар накунед, - гуфтанд, - дӯзахро ҷаннат таъриф мекунанд.
Бидеҳ, соқӣ, майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро…
Оби Рукнобод ҳам пойи касро тар намекунад».
Ин ҳам аз он ёддоштҳои азизест, ки бо ташаббуси бевоситаи Убайд Раҷаб воқеъ гардида, 30 сол инҷониб қиссаю мояи миннатдории мардум аст. Алалхусус аз баъди он, ки ба шарофати қадами мубораки устод Мирзо Турсунзода нафақат гирду атрофи Сӯфиён, гирду атрофи чанд қишлоқаки дигар низ асфалтпӯш шуда, ба роҳи калон пайваст. Аммо акнун ҳамчун шишатахтае лахта-лахта шикаста истодааст. Ку устод Турсунзода, ки ӯро як бораки дигар Убайд Раҷаб ба Сӯфиён бурда, раисони навбаромадро ҳамчун собиқ котибони райком қадри аҷалашон тарсонад.
Унсу ихлоси дигари ман бо устод Убайд Раҷаб аз тариқи бюрои таблиғотии Иттифоқи нависандагон сурат мегирифт. Моҳе як навбату ду навбат ба шаҳру маҳалаҳо мерафтем. Аз он сафарҳо чизҳои аҷоибу ғароиб бисёранд.
Масалан, бе оина риш тарошидани Ибод Файзулло. «Хокта булапум-хокта булапум» гуфтанҳои Ҳабибулло Файзулло ва «ҳамин хелак-ҳамин хелак»-и Басир Расо. «Ҳамин хелакҳамин хелак» муқаддимаю «позывной»-и дурӯғгӯиҳои ӯ буд. Ва дар кадом мавзӯе гап намерафт, гардани гапро тоб дода, ба тарафи Ванҷ мегардонд. Агар мегуфтем, ки макони хирсҳои сафед қутби шимол аст, қасам мехӯрд, ки дар яхи Кашолаи Ванҷ ҳам ҳастанд. Боре аз бомбаи водородӣ баҳс мерафт, ҳеҷ истиҳола накарда гуфт, ки мо бачаҳои Ванҷ ин бомбаро кайҳо сохта будем, аз сӯтаи хушку пӯки растании камол. Дарунашро барги хазон пур карда гӯгирд, ки задем, сӯхта-сӯхта парида Афғонистон рафт. Ва дар давоми дурӯғгӯиҳои ин барон Мюнҳавзени тоҷик Убайд Раҷабро, ки одатан дар паҳлӯи ронанда менишаст, беихтиёр ғанаб мебурд. Ғанабҳое, ки ҳамчун муроқибаи пайғамбарон, ҳамчун ғанабҳои адабию эҷодӣ шеъру достон шуда буданд.

пешина
аз 110
навбатӣ