ЗАМИНИ МОДАРӢ

Ку он қаламе, ки мояи ифтихори Лоҳутию Турсунзода буд?
Мастон Шералӣ мунтахабу куллиёту девон надорад, вале ҳар китобчаи тунуки пӯстипиёзаш беҳтар аз садҳо мунтахабу куллиёти девони имрӯзист. Марги ӯ миёни қаламҳои моро шикаст.
Варақ мезанам бо алам дафтараш, Ки аз вай диҳад ёд баъд аз сараш.
ДУБОРА ДАСТИ ҲАМДИГАРРО ГИРИФТЕМ
Инак, аз аввалин шеъраки ман, ки зери унвони «Кӯҳҳо»
дар журнали «Садои Шарқ» чоп шуда ва 3 сӯм ҳақи қалам гирифта будам, расо 43 сол гузаштааст. Зимистони соли 1961. Ҳанӯз студенти Университети давлатии ба номи Ленин будам. Ҳамоно ману ҳамқадами доимиам Мазҳабшо Муҳаббатшоев ба ошхона равон шудем, ки маро бишӯем.
Ва ҳанӯз ба дари ошхона нарасида, пул аз даст рафт, аз шиддати ҳаяҷону хурсандӣ ман онро ба мӯсафеде додам, ки дасташ дароз садақа мепурсид. Вале Мазҳабшо «студентдушмани гадо» гӯён ба мӯсафед часпида оринҷашро раҳо намекард. Мӯсафед ҳам «гадо-душмани студент» гуфта, пулро намедод. Ахир 3 сӯмро майда карда, ду сӯм танга гирифта, рафтему дуои 3-сӯмаи мӯсафед бо ман монд.
Хеле баъд ман боз ду дуои дигар низ гирифта будам.
Аз устод Мӯъмин Қаноат, ки ба китобчаи нахустинам пешгуфтор навишт ва «Литературная газета» як шеъраки маро бо тавсияи устод Мирзо Турсунзода чоп карда буд.
Вале дуои аввалин ҳамон дуои барфолӯди гадои кӯчаи Айнӣ ва ганарари калонам ҳамон 3 сӯми «Садои Шарқ»
буду бас.
Дар ҳаёти эҷодии ман ҳақи қалам аслан чандон аҳамият надошт. Дар нашриёту матбуот ганарарҳои ман бисёр сӯхтаанд. Ҳатто дар давраи сахт муҳтоҷиам аз нашриёти «Ирфон» ҳазору дусад сӯм ҳаққи қалам гирифта гум карда будам. Ва инак 15-сол мешавад, ки аз ҳеҷ куҷое як сӯм ганарар нагирифтаам.
Маро ҳамин хушоянд аст, ки 43 сол қабл аз «Садои Шарқ» 3 сӯм ҳақи қалам гирифта будам ва хушояндтар он, ки дере нагузашта корманди эҷодии ин маҷаллаи бонуфузи нависандагон шудам. Ҳар рӯз аз дари Иттифоқи нависандагон даромадан, аз каридоре, ки Мирзо Турсунзода мегузашт, қадам задан, Ҷалол Икромӣ, Ғаффор Мирзо, Боқӣ Раҳимзодаро рӯбарӯ дидану шунидан, ҳатто шоҳмотбозиҳои Сотим Улуғзодаро тамошо кардан ҷашну тантанае буд, ки ба қавли Эрнест Ҳеменгуэй ҳамеша бо ман аст. Он ҷашну тантанаи абадиро ба ман Убайд Раҷаб муяссар кард ва он «Садои Шарқ» «Садои Шарқ»-и ӯ буд, ки дар таърихи нашри ин маҷалла аз вай муҳаррири беҳтар набудааст.
Ман дар хонаи умумӣ менишастам. Бар девори фарсудаи он (бинои куҳнаи Иттифоқи нависандагон) соати бузурге овехта буданд, ки ҳанӯз аз таърихи фавти Пӯлод Толис (муҳаррири собиқ) намегаштааст, ҳамчун рамзи азодорӣ дар соату дақиқаи бозистодани қалби нависанда истода. Маҳз аз ҳамин ҷо, аз ҳамин идораи фарсуда ҷӯрагиву бародарии 36-солаи ману устод Убайд Раҷаб оғоз ёфт. Ман коргари чандон боҳавсала набудам. На фақат материалҳои ман, балки тамоми материалҳои журнал дубораю себора таҳрир мешуданд. Убайд Раҷаб воқеан ҳам муҳаррир, ҳам муаллиф, ҳам корректору мусаҳҳеҳ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дастхатҳоро аз назар намегузаронд, балки ҳарф ба ҳарфу ҳиҷо ба ҳиҷо мехонд, ҳатто номи худашро ҳам ба корректор ва муҳаррири техникӣ Достон Шукуров бовар намекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё