Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман дар домани лолазори Файзобод ба воя расида, ҳамшаклию ҳамрангии дуқабатаи тоҷи буридаи хурӯсу лолаи хунҷӯшро ҳеҷ тасаввур накарда будам. Шоири соҳибзавқ дар ҳамин як соядасти нӯгиқаламӣ ҳам шоирие карда, ки фаромӯш намешавад. Ва мақолае, ки дар он анҷуман қироат кард, сабақи воқеии нахустину вопасини мост, ки сиюпанҷ сол муқаддам аз устоди воқеие гирифта будем, ки ӯ низ қариб ҳамсоли худамон буд. Ӯ гуфт, ки шеърро андешаи шигифту шигарф шеър мекунад, на унсурҳои шеърӣ.
Ҳанӯз мо аз таассуроти он дидору мулоқоти тез ба худ наомада будем, ки Нодири Нодирпур ба Теҳрон баргашт.
Мо дигар ӯро аҳёнан дар рӯйи ҷилди китобҳояш медидем, ки ҳамчунон хушрӯю ҷиддию андешаманд менамуд, намехандид, хандонаки хандонлабу хандонрӯ набуд.
Умуман, дар ёд надорем, ки ӯ даҳан кушода хандида бошад, ҳол он ки хандаи ҷавонӣ ба он сурату симои қашанги монавии ӯ мезебид.
Дубора мо мондему:
Эй бенаво дарахт!
Мурғони баргҳои ту дар оташи хазон Якбора сӯхтанду ба пойи ту рехтанд, Гунҷишкҳои дар ба дар аз ошёни хеш Ҳамроҳи баргу бод ба саҳро гурехтанд, Оё дар интизори баҳорӣ ҳанӯз ҳам?..
Боз мо мондему:
Чӣ мегӯед?
Куҷо шаҳд аст ин обе, ки дар ҳар донаи ширини ангур аст, Куҷо шаҳд аст?
Ин ашк аст,
Ашки боғбони пири ранҷӯр аст, Ки шабҳо то саҳар бедор буда, Токҳоро об дода,
Пуштро чун ҷафтаҳои мӯ дуто карда...
Шаробаш аз куҷо хондед?
Ин хун аст.
Шумо ҳам, эй харидорони шеъри ман, Агар дар донаҳои нозуки лафзам Ва ё дар хӯшаҳои равшани шеърам, Шаробу шаҳд мебинед,
Ғайр аз ашку хунам нест...
Боз ҳам мо мондему:
Ситора дар қафаси шохаҳо нафас мезад, Сапеда дар шутури кӯҳҳо сафар мекард...


Борон чи гиряест?
Гирйидане ба вусъати андӯҳи осмон...


Дар гӯш карда пунбаи барф имшаб, Шаҳре, ки ҷовидона пур аз ҳарф аст; Чашмони поки ҷӯй пур аз об аст, Мижгони сабзи коҷ пур аз барф аст...
Мо мондему:
Ту ҳар ғуруб назар мекунӣ ба хонаи ман, Дареғ панҷара хомӯшу хона торик аст.
Хаёли кист дар он сӯйи шишаҳои кабуд, Ки аз ту дур, вале бо дили ту наздик аст...
Мо будему:
Эӣ шеър, эй тилисми сиёҳе, ки сарнавишт Умри маро ба риштаи ҷодуии ту баст!
Гуфтам туро раҳо кунаму зиндагӣ кунам, Чӣ тавбаҳо, ки дар сари ин орзу шикаст...
Боз ҳам мо будему шеъри ташбеҳ андар ташбеҳу тасвир андар тасвиру ташхис андар ташхису талмеҳ андар талмеҳу малеҳ андар малеҳи Нодири Нодирпур. Дар ҷайби ҳар кадомамон дафтарчае аз гулчину сарчини эҷодиёти ӯ буд, ки раҳ ба раҳу кӯча ба кӯча, қадам ба қадам мехондему азбар мекардем. Алъон ҳеҷ асари Нодири Нодирпур зери дасти ман нест ва ҳар пораю лахту хӯрдае, ки дар ин мақола иқтибос овардаам, муште аз ҳамон дафтарчаҳост, ки дар кӯчаҳои Душанбе қадам зада, ҳифз мекардам.
Мо Маҳдии Ахавони Солис, Сиёвуши Касроӣ, Сӯҳроби Сипеҳрӣ, Фурӯғи Фаррухзод, Сояи Ибтиҳоҷ,Фаридуни Таваллулӣ, Симини Беҳбаҳонӣ, Жолаи Исфаҳонӣ ва дигаронро низ тақлиду тарғиб менамудем. На танҳо ошиқу шайдои шеъри нав, ошиқи шайдои ҳар вожае будем, ки созмони вожаҳои форсӣ интишор медод. Ҳар вожаи авастоиро зайли нонрезае бардоштаю бӯсида бар чашм мебурдем. Солномаю моҳномаи паҳлавиро шинохта - фарвардину урдибиҳишту даймоҳу баҳманмоҳ мегуфтем.

пешина
аз 110
навбатӣ