Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар Америка саг бисёр аст, раисҷумҳур ҳам саг дорад, аммо намеҷаканд ва хурӯсро дергоҳ нашунидам, балки аз хотирам рафта буд. Лекин як шаб аз шабҳои ғарибӣ саге аз дурӣ канда-канда ак-ак кард ва хурӯсе тоқа-тоқа қу-қу-қу гуфт. Ман аз хурсандӣ ҳатто бачаҳоро аз хоб бедор кардам, ки гӯш кунанд, овози шинос меояд.
Садои поезд хотираи шабҳои Душанбест. Ин ҳам аз ҳамон бедорхобиҳои шоирӣ, ки ман будаму шабҳои дарозу чир-чиру гулдур-гулдури рафтану омадани поезд. Садо набуд, шабнишинам буд, маро ҳушёр медошт. Инак, ҳар вақте ки қатораи дуру дарози сафеди оҳарии Америка заминро ларзонда, аз канори уқёнуси Ором бо фарёду фиғон мегузарад, ман ҳамон овозаки поезди Душанберо мешунавам.
ПАДАРСОЛОРИ ШЕЪРИ ФОРСӢ
Мо, навқаламони побараҳнаи ҳаёту адабиёти солҳои шаст, дуздакони ашъори Нодири Нодирпур будем, ки ба унвони шеъри нави форсӣ мунташир шуда, моро ҳавою васваса медод. Яке сатре меканду яке лахте, яке мазмуне мерабуду яке ташбеҳе, яке вожае мебардошту яке ҷумлае.
Аз вожааш вожаю аз суханаш сухану аз ҷумлааш чумлаю аз сатраш сатру аз байташ байту аз ташбеҳаш ташбеҳу аз тасвираш тасвиру аз ташхисаш ташхис ва аз шеъраш шеър мебофтем. Ба тақлиди “Эй бенаво дарахт!»-у “Шеъри ангур” садҳо шеъри дарахту дарахти шеър навишта, ба равиши “Туро дар хобҳои кӯдакӣ гум карда будам ман” ва “Сафар ба деҳкадаи сабзи кӯдакӣ кардам” он қадар кӯдакиҳо сурудем, ки агар дар як ҷилд гирд оварда шаванд, китоби сангине мешавад, ки кӯдаки даҳсола бардошта наметавонад.
Агар ба амри таҳҷӯйӣ нахустин китобчаҳои пӯстипиёзии моро варақ гардонӣ, метавон дид, ки чӣ қадар осори Нодири Нодирпур дар таркиби ҳар шеъраки мо ҳамчун пӯлакҳои тилло дар муште рег мавҷак зада рӯшанӣ мекунад.
Худашро ҳам бори аввал дар анҷумани пурҷамъияти пуршӯру пуровозаи забону назми форсӣ, ки дар Душанбе баргузор шуда буд, ҳамон солҳо дида будем. Ҷавони олуфтанамои хушандому болобаланде буд, сар то ба қадам варзидаю тарошидаю мураттабу мутаносиб ва мӯйлаби сиёҳ ба ҳеҷ сурате ҳамчун ба сурати сафеди нуронии ӯ намезебид. Яъне сурати хушояндаш таҷассуми шеъру сирати хушояндаш буд.
Ӯро дар паси минбари он анҷумани дерина низ ҳанӯз фаромӯш накардаем. Аз шарму ҳаёи ҷавонию сеҳру афсуни чашмҳои нигарон, ки аз чаҳор ҷониб сар то ба қадамашро менигаристанду мечариданд, дона-дона арақ мекард. Ва раиси маҷлис ҳам, ки шоире буд, бадоҳатан гуфт:
Нозанине, ки дар арақ тар шуд, Нозанин буд, нозанинтар шуд.
Дубайтии зеринро, ки он рӯз аз забони Нодири Нодирпур тару тоза шунида будем, сию панҷ сол инчониб ёдовари гаронбаҳои махмалпечи хотираи мост:
Насиме, к-аз сари он кокул ояд, Маро хуштар зи бӯи сунбул ояд.
Хаёлашро шабе гирам дар оғӯш, Саҳар аз бистарам бӯйи гул ояд.
Лаҳзае, ки танаффус дода шуд, барои соядасташро гирифтан кашмакашу аҷалаю ҳангомае бархост, ки гуфтан надорад; китоб болои китобу дафтар болои дафтару даст болои даст бар ӯ дароз мешуду дароз мешуд ва ӯ зайли кафбине мегирифту мекушоду менигаристу менавишту пас мегардонд. Дар дафтарчаи ман навишта буд:
Тоҷи хурӯсҳои саҳарро буридаанд, Дар хок кардаанд,
Аз хок ҷаста хирмани анбӯҳи лолаҳо.

пешина
аз 110
навбатӣ