Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Анвоъи ғалладона низ бисёр. Чанд навъ зағеру кунҷит, чандин навъ нахуду наск, мошу лӯбиёю ҷуворӣ.Феълан, калимаи ҷуворимакка аз исми “мака” ном қабилаи ҳиндуҳои америкоӣ будааст. Ин қабила дар қисмати ғарбии шаҳри Сиеттл зиндагӣ мекунад. Ба наздикӣ ҷашни қурбонӣ доштанд, як филмоҳӣ (кит) қурбонӣ карданд. Дар тантанаашон, ки ҳафтае шабу рӯз идома дошт, мо ҳам иштирок кардем, чандин навъ гандуми донаю далдаи кӯфтаю сафедкарда буд. Мо аввал гандумро дидем, барои суманак. Гандуми шустаю озода, як гард надорад, гуфтанд, ки аз хӯшааш дона-дона чидаанд. Суманаке мешавад рафида-рафида, шираю ширу шакар.
Мо ҳар сари соли нав ба пешвози Наврӯз се-чор дафъа суманак мемонем, ки хуморамон шиканад. Ба ёди ширини суманакҳои Душанбе, ба бӯйи лаззатбахши суманакҳои тагитанӯрии модарам, ки соатҳои дароз нигарони пухтанаш бетоқатона менишастему мешамидем ва охир ба маскаи тарак шӯридану хурданаш фаромӯшнашуданист.
Суманакҳои модарам неъмати биҳишти кӯдакиам буд. Ва акнун солҳоест, ки ба бӯйи диловези ҳамон суманакҳои қишлоқию ба ёди ширини модарам, ба ҳар ҷою маконе, ки набошем, суманак мемонем. Дар Америка ҳам сӯманак мемонем, саманакҳои модарӣ...


Дар минтақаи мо алошақшақа нест. Бинобар ин, вақте бачаҳо хабар оварданд, ки дар боғи ҳайвонот алошақшақаҳоро дидаанд, ман ба зиёраташон рафтам.
Ҳанӯз худашонро надида, шақшақи шиносашонро шунида, хурсанд шудам. Айнан ҳамон шақшақи алошақшақаҳои Сӯфиён, ҳамон шақшақе, ки ба ҳеҷ кас намефорид.
Саросама ба симтӯрашон расида, саломи гарму ҷӯшон додам. Як даста будаанд. Айнан ҳамон алошақшақаҳои Сӯфиён, ки дар гирди халтаҳои дӯғу чакка хирагӣ карда, қурут мебурданд. Айнан ҳамон хел сиёҳу сафеду зираку ҳушёру беқарор.
Зери симтӯр дар дарахти хушкидае лона ниҳода буданд. Айнан ҳамон лонаҳои чалақ-палақи алошақшақаҳои Сӯфиён, ки дар кундаю шохаҳои олучаю дулонаҳои адир ҳамчун банди шохчае дида мешуданд. Айнан ҳамон лонаҳо, ки ман аз онҳо чӯҷа мегирифтаму алошақшақаҳои гизала ба тоқиам чангол мезаданд.
Акнун ба алошақшақаҳо ман ҳам шақ-шақ мекардам, чистонаки қишлоқиашон мегуфтам:
Сиёҳиаш қир барин,
Сафедиаш шир барин,
Париданаш тир барин,
Шинад, саги пир барин.
Вале ҳамчун дигар ҷонварони боғи ҳайвонот, ки ба садақа одат кардаанд, якзайл ба дастам менигаристанд. Қавл додам, ки дигарбора меҳмониашон дасти холӣ намеоям.


Ҳар касе як чизи гаронбаҳои баҷоӣ дорад. Яке сурати баҷоӣ, яке ҷомаи баҷоӣ, яке пули баҷоӣ, яке қуттичаи зару зевари баҷоӣ, яке чойнику пиёлаи баҷоӣ. Ман чор овозаки баҷоӣ дорам: овози поезд, ҷаккиши саг, чаҳ-чаҳи булбул ва фарёду хурӯши хурӯс, ки ин ҳар чорро дар таҳти зеҳнам ниҳон медорам.
Хониши булбул ёдгории кӯдакии ман аст, ки шабҳои баҳор аз боғҳои хучу гули хори Сӯфиён чаҳ-чаҳ мезаданду ҳуштак мекашиданд. Дар Америка, чуноне дар боло гуфтем, булбулон дигар хел мехонанд, чаҳ-чаҳ намезананд, вале як дафъа дар боғи ҳайвонот аз қафасе хониши булбули Сӯфиёнро шунида, беихтиёр дарун-дарун гиристам.
Ҷакиши сагу бонги хурӯс аз шабнишиниҳои шоириам мондаанд, ки дар гӯшае хомӯш чамбар зада, фикри шеър мекардам ва дар хилвати шабон танҳо садои ак-аки сагонро мешунидам, аз қишлоқҳои дур тоқа-тоқа ҳоп-ҳоп мекарданд, хусусан шабҳои барфрезии зимистон. Ва ниҳоят, мавриде ки хастаю хоболуд ба рӯйи дафтару коғаз сар мениҳодам, хурӯс фарёд мезад, ҳамчунон аз дуриҳо. Ман ба ин овозҳо одат карда будам.

пешина
аз 110
навбатӣ