ЗАМИНИ МОДАРӢ

Зимнан, на ҳамин рӯз аст, ки мардум аз Шарқ мегурезад, ин гурезогурез садсолаҳо инҷониб идома дорад.(…)
Ҳолливуд (саноати филмбардорӣ) ба тақозои тиҷорат сурат гирифтааст. Филмҳо аксаран аз моҷарою дағдағаю ҳангомаҳои пучи ҳавлангез иборатанд. Арвоҳи махуфу албастию абулҳавл намоиш дода мешавад ва пур аз шикастану рехтану таркондану сӯхтору куштору парронпарронанд.
Ҳатто дар филмҳое, ки барои хурдсолон бардошта шудаанд, яке кӯршапараки хунхореро мебинӣ, ки аз дандонаш хун мечакад. Яке тортанаки азимҷуссаеро мебинӣ, ки касеро печонда хунашро мемакад. Яке устухонҳои мурдаро мебинӣ, ки бо касе шарақошарақ меҷангад. Одами даррандаеро мебинӣ, ки касеро дар сих зада бирён мекунад. Сусмори азаматеро мебинӣ, ки чашмҳояш чун косаҳои пур аз хун мардумро таъқиб менамояд ва ғайра. Яъне тарсу хавфу хавотиру ҳайбат, ваҳшонияту даррандагӣ, хашму хушунат, ки оммаи ҳангоматалабро ҷалб месозанд. Ва албатта дилу шуурро харобу асабҳои пӯлодиро ҳам реза-реза месозанд. Кӯдакону наврасону ҷавононро девонаю васвосию ваҳшӣ кардаанд ин филмҳо. Бар асари шуми ин филмҳост, ки наврасон парронпаррону одамкушию одамхурӣ мекунанд. Ва ҳар сол мактаббачаҳои бисёре маъюбу маслуқу кушта мешаванд.
Дар мактабҳо маросими мотам воқеаи муқаррарист.
Камбағалони Америкаро аз гардану шикамашон мешиносанд, ҳар касе, ки гардани калтаи ғафсу шиками калони кӯлӣ дошта бошад, яқин камбағал аст. Хӯрокии арзонбаҳои камбағалон, ки маводи химиявии бисёр дорад, афту андомашонро ба сурати қурбоқа кардааст, қурбоқаи азимҷуссае бо пӯстакчаи мӯи сару каллаи борику рӯи паҳн, бо гардани кулуфтаю кӯҳону ғабғаби кашол, бо шикамбаи дамидаю хамидаи то ба зону ва пойҳои халтазада аз пӯсту рӯғану обу зардоб, яъне махлуқе ҳатулу ҳабатаю ландаҳӯр.
Раҳгаштанашон ба ғелидан шабоҳат дорад, гуфто, ки саргинғелонакҳое ғундаи саргини бузургеро ғелонда бурда истодаанд.
Бойҳо баръакс, ҳама химчаю чарсу чусту чолок, аз фарқи сар то ба нохуни по варзидаю тарошидаю суфта. Ба ранги уқобҳои сафедгардану сафедболи америкоӣ хушандому хушоянду оташинчангол. Гардани занҳояшон як газ баланд, пояшон чун пояҳои буруҷу сафедор аз замин то ба камар тарангу рост ва ҳама оростаю перостаю озода:
Занах содаю ғабғаб овехта, Миён борику сина ангехта.
Зеро дар таому пӯшокашон маводи химиявӣ нест.
Обашон покизаю меваю сабзавоташон тару тоза, гӯшташон бедорую нонашон бедоруст. Рӯғани гаронбаҳои растанӣ мехӯранду шири навдӯшидаи бедору менӯшанд. Ва либоси қиммати пахтагӣ мепӯшанд.
Муҳоҷирон бо одати зотии миллиашон ба Америка меоянд. Масалан, хитоиҳо бо меҳнатдӯстии хитоӣ, мексикоиҳо бо таронаю рақсу покӯбии мексикоӣ, афғонҳо бо нашъамандию луттигарии афғонӣ, арабҳо бо чарчинфурӯшии арабӣ ва арманиҳо бо порахӯрию порадиҳии арманӣ.(…)
Мо ҳанӯз таъоми америкоӣ нахӯрдаем. Ҳанӯз Гулчеҳра макароншӯрбою карамшӯрбо, ширбиринҷу ордбирён, мошобаю наскоба мепазад ва гоҳе қурутобу фатиррӯғану оши палав. Биринҷ фаровон аст. Ҳазору як навъ. Биринҷи девзираю биринҷи зарду сафеду сабз, биринҷи резаю биринҷи катаю биринҷи дарози борик, хели ангушти нозанин. Ва ҳазору як навъ рӯған, рӯғани зайтуну рӯғани ҷуворӣ, рӯғани зағеру рӯғани кунҷит, рӯғани бодому рӯғани офтобпараст, рӯғани сабзавоту меваҷоти фирқа-фирқа, фақат ошхур лозим. Ҳар вақте ба ин биринҷҳои нестандарҷаҳону шишаҳои рӯғани мӯмиёӣ менигарам, ҳамсояҳои собиқи ошхурам ба ёд меоянд. Ин ҷо ҷои онҳост, чӣ қадар ҷизу бизу дуду гард кардан мумкин. Америкоиҳо ба ин неъмати олӣ нигоҳ намекунанд. Онҳо аслан дар ресторанҳо ғизо мехуранд, ба хотири сарфаи вақт ва ташвишу дарди сари камтар. Мо ҳам биринҷхур нестем. Эй дареғи оши палавхурон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё