ЗАМИНИ МОДАРӢ

Сарзамини мо худ аз осори ӯ сар мешавад,
Ин замин бо ӯ ба дунёе баробар мешавад.
То ба Айнӣ гарчи дарёи сухан шодоб буд,
То ба ӯ дар зиндагӣ пайроҳаи ноёб буд,
Мисли он рӯзе, ки онро метавон дар ёд дошт,
Дар лаби Вахшу Зарафшон мардуме бе об буд.
Ин ҳақиқат мекунад чашми маро ҳар бор тар:
Кас набуд дар Панҷрӯд аз Рӯдакӣ гумномтар.
Дар Бухоро бохабар буд мардум аз дунё агар,
Аз Алӣ буд бохабар, аз Бӯалӣ буд бехабар.
Гарчи табъи Рӯдакӣ шеъри закӣ эҷод кард,
Офарин бар табъи Айнӣ – Рӯдакӣ эҷод кард.
Гар ба дунё рафт Сино чун табиби иллате,
Кард ӯро ҳиммати Айнӣ табиби миллате.
Тоҷиконро аз замин чун донаҳо дарёфт ӯ,
Чун китоби куҳна аз вайронаҳо дарёфт ӯ.
Тоҷикистон гар на, ҳар як тоҷике осори ӯст,
Хотири бедори мардум хотири бедори ӯст.
КИТОБИ ТОҶИКОН
Мурда буд дар хоб гӯё бахти хоби тоҷикон,
Ношумурда мухтасар мешуд ҳисоби тоҷикон.
Бахшу бобе ҳарчи буд дар бахшу боби тоҷикон
Бекитобон канда буданд аз китоби тоҷикон.
Аз миёнаш сикабарҳо сика бурду сика хӯрд,
Аз даҳонаш тикабарҳо тика бурду тика хӯрд.
Аз Атобак гарчи дар ин минтақа антиқа буд,
Кас намедонад, ки буд, ғайр аз китоби «Тоҷикон».
Гар набудӣ ҳар сафоле фол аз асри сафол,
Гар набудӣ тоҷики асри сафол устокулол,
Ҳамчунон ҷилди заминаш аз сафолу аз сафол
Пур намешуд ин қадар ҷилди китоби «Тоҷикон».
Гар набуд аз устухони куҳнае моро аён,
То бидонем, аз куҷо бишкаста миллатро миён,
Чун тарақҳои заминаш ин қадар аз устухон
Пур намеомад варақҳои китоби «Тоҷикон».
Дӯш тоҷикро, намедонам, чи қисмат будааст,
Худ ба Хатлону расул аз Устувохат будааст,
Лоҷарам, аз Устувохат, лек бехат будааст,
Ман надидам нусхаашро дар китоби «Тоҷикон»…
Дар ҳавошии қаламрав бе қаламҳо будаанд,
Беқаламҳои ҳавошӣ беқадамҳо будаанд.
Беқаламҳои ҳавошӣ дар қалам афтодаанд
Ин замон андар ҳавошии китоби «Тоҷикон».
То Хуросонро хӯрад осон, намонад порае
Бо хӯру осон ҷудо кардаш хуросонхорае.
Баъди сад садсола охир ҳар Хуросонпорае
Ёфт пайванди китобӣ дар китоби «Тоҷикон»…
Бо вуҷуди ин, нашуд аз асли худ умре ҷудо,
Бо фушурданҳо нашуд чашмаш фушурда чун ҳаво.
Каштали куҳро гирифт аз дасти кашталкандаҳо,
Пушт бар каҳ на, ба кӯҳ бинҳод аз бепуштҳо.
Ин замон бозори нони тоҷикон бе муштарист,
Лек бозори китобаш бе дусад муштоқ нест.
Ҷои нони хонагӣ бар каф китоби хонданист
Ҳамчу болоӣ ба болои китоби «Тоҷикон».
Тоқдони хонаи мо ҷои дастархони мост,
Тоқдони чашми мо - ҷои китоби «Тоҷикон».
ДУШАНБЕ
Ту шаҳри санъату шаҳри сухандонӣ,
Ту фарҳанги забони Тоҷикистонӣ.
Туро ҳар нақш
Чун нақши сухан барҷост,
Ва тарҳат
Тарҳи ҳайкалҳои шоирҳост.
Агар як нимаи рӯи ту рӯи Рӯдакии мармарин бошад,
Дигар як нимааш Айнии сангин аст,
Душанбе, сурату симои ту ин аст.
Наменозӣ ту ҳамчун Руми шуҳратманд
Ба маснадҳои қайсарҳо,
Ба қабру қалъаю аркону минбарҳо,
Касе аркони заркории тоҷикро намебинад,
Намедонад касе
Пайғамбаронаш дар куҷо хобанд…
Ту бо гаҳвораҳои кӯдакони хеш хурсандӣ,
Ба даври рафта не,
Бар давраи оянда пайвандӣ,
Ҷавоншаҳрӣ,
Бузургонат ҷавонанд,
Шоҳмардони ту тифлонанд.
Агарчи бомҳоят сар ба гардунҳо намесоянд,
Чу Эйфал гар манорат нест,
Сари кӯҳи баландат хонаи хуршеду маҳтоб аст,
Маҳу хуршед дар боми ту -
Дар Боми Ҷаҳон хоб аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё