ЗАМИНИ МОДАРӢ

ТЕҒИ СИНО
Турку тозӣ ҳар куҷо даъвои Сино мекунад,
То ба боми шуҳрати ӯ нардбон пайдо кунад,
Лек Сино нардбонашро ба бомаш бурдааст,
Турку тозӣ барҳадар ин турктозиҳо кунад.
Аз азал дорӯи тоҷик решаи хор асту лек
Бӯйи Сино мекунад ин халқ аз даври қадим,
Метавонӣ аз забони пиру кампираш шунид:
«Дасти ман не, дасти ман не, дасти Луқмони ҳаким!»
Бӯалиро дӯш ин миллат ба даҳр овардааст,
Чун набудаш ғайри дарди бедаво нақди дигар,
Интизори нӯшдорӯ буд Суҳробаш ҳанӯз
Дар сари дасти падар, хуншор аз дасти падар.
Рум агар аз шохи Искандар фаромуш кард зуд,
Дар Хуросон захми теғи шохдораш монда буд.
Гар Қутайба аз Хуросон бозпас баргашту рафт,
Дар Хуросон решҳои зулфиқораш монда буд.
Қиссаи мурғи самандар пеши ман афсона нест,
Саргузашти мардуми печидафарёди ман аст, -
Он ки месӯзад, вале аз тӯдаи хокистараш
Мекунад парвоз чун паррандаи оташпараст.
Соате Маҳмуди саҳроӣ ба султонӣ расид,
Дасти Сино то ба набзи Нӯҳи Сомонӣ расид,
Зери дасташ балки набзи Нӯҳи Сомонӣ набуд,
Номураттаб набзи асри хештанро мешумурд.
Асри турку асри тозӣ буд асри Бӯалӣ,
Асри шуми турктозӣ буд асри Бӯалӣ.
Дар таги гарди саворон аз ватан овора гашт,
Оқибат аз зиндагӣ дар гӯшаи зиндон гузашт…
Соате Чингиз девори Бухороро шикаст,
Дар миёнаш тир, теғи тези хунрезаш ба даст,
Халқи тоҷик теғи дармонбахши Синоро гирифт,
Теғи дармонбахши Сино рӯи дунёро гирифт.
АҲМАДИ ДОНИШ
«Аз қабри ту фаромӯш карда бошанд ва надонанд, ки мақбараи ту куҷост.»
(Аҳмади Дониш)
Бас рӯзу шаб гузашту баҳору хазон гузашт,
Бас оби рӯ намонду басе оби ҷӯ намонд.
Аллома гашт паҳлу шабе дар мазори хеш
Аз дарди тахтапушт, ки паҳлӯ нагашта буд.
Паҳлӯ, ки гашт, гӯшаи чашмаш кушода шуд,
Омад ба хотираш қаламу лавҳу ҷадвалаш;
Ҳарчанд дар қаламрави авҳом хуфта буд,
Лавҳу қалам зи хотири аълам нарафта буд.
Бархест аз замини Бухорош чун бухор,
Рафт аз барои лавҳу қалам сӯи хонааш…
Маҳ дар фазо чу косае дар байни об буд,
Паҳлӯ ба паҳлу шаҳри наву куҳна хоб буд.
Медид ҳайкале, ки набудаш қиёс ҳеҷ,
Медид ҳайкале, ки набудаш шинос ҳеҷ,
Чарминапӯш, кепии чарминааш баланд,
Бо ҳайате, набуд ба бухороӣ хос ҳеҷ.
Маҳтобро ҷабида фурӯ мекашид хишт,
Аз тоқу дар хутути чалипоӣ рӯ ба рӯ
Монанди устухони фурӯ монда дар гулӯ,
Аълам дар ин хутуту рақам чашми хат надошт.
Аз сояи иморати Мири Араб гузашт,
Гӯё расид то гузари Хоҷа Ҷаъфарӣ.
Лекин сукут карду ҳаво хурду боз гашт,
Он ҷо наёфт хонаи худрову шаб гузашт.
Пур буд саросар он маҳал аз хонаи сафед,
Аммо набуд кулбаи урфии хоси ӯ,
Он туту току он дару он даргаҳи куҳан, -
Он ғуфраи ба Ҳайрату Айнӣ шиноси ӯ.
Баргашт бар қаламрави авҳом бе қалам
Аз пушти ҷӯву хандақу девор, хам ба хам.
Маҳ метанид дар қалами хорҳои хушк
Аз нурҳои намзадааш торҳои хушк.
Ин лаҳза буд лаҳзаи пиндору пинакаш,
Молид дидарову нигаҳ кард пешу пас:
Дар бора низ марқади хораш наменамуд,
Он гӯри бе катибаи зораш наменамуд.
Шабнам, ки мечакид дар он гӯшаи хароб,
Гуфтӣ ту, мегирист саҳаргоҳ моҳтоб…
Аз махдуми муҳандису аз аълами нуҷум
Монд оқибат бухории гумгӯру хонагум.
АЙНӢ
Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё