ЗАМИНИ МОДАРӢ

Савғотӣ оташ бурдаанд
Оташпарастон ҳар куҷо,
Эй аз туам сад илтимос,
Эй аз туам сад илтиҷо:
Сурхии рӯятро бидеҳ,
Зардии рӯямро бигир,
Гармии рӯятро бидеҳ,
Сардии рӯямро бигир.
Рӯйи замин сӯзад агар,
Фардош мепӯшад гиёҳ,
Як умр мемонад вале
Рӯйи заминсӯзон сиёҳ.
Эй аз туам сад илтимос,
Эй аз туам сад илтиҷо:
Сурхии рӯятро бидеҳ,
Зардии рӯямро бигир,
Гармии рӯятро бидеҳ,
Сардии рӯямро бигир.
Бо пояш оташро накушт
Аҷдоди оташкеши мо,
Дар назди мардум лоҷарам
Сахт аст ин айбу гуноҳ;
Эй аз туам сад илтимос,
Эй аз туам сад илтиҷо:
Сурхии рӯятро бидеҳ,
Зардии рӯямро бигир,
Гармии рӯятро бидеҳ,
Сардии рӯямро бигир.
Ҳар кас, ки аз майдон гурехт,
Сад латма зад дар кори кеш,
Оташ надод аз хонааш
Ӯро касе дар шаҳри хеш;
Эй аз туам сад илтимос,
Эй аз туам сад илтиҷо:
Сурхии рӯятро бидеҳ,
Зардии рӯямро бигир,
Гармии рӯятро бидеҳ,
Сардии рӯямро бигир.
БАҲОР ОМАД
Баҳор омад:
Бояд бо дарахтон буд,
Бо дарахтон аз замин рӯид,
Бо лолазорон дар замин сурхид
Ва бо парвонаҳо буд,
Ки чун гулбарг мерезанду мерезанд
Ва бо рангинкамон буд,
Ки аз он рангҳо ҷорист.
Бояд ошиқ буд, ошиқ буд, ошиқ буд,
Як даме бо резаборон,
Як даме бо бӯсаборон буд.
Баҳор омад, баҳор омад,
Чароғи лолаҳо равшан,
Чароғи дидаҳо равшан.
Агар бо чашм дуриро намебинед,
Бо дурбини чашмаҳо бинед, -
Ҳар он кас аз шумо дур аст, мебинед,
Чу дар оина мебинед.
Баҳор омад:
Ҳам ошиқпеша бошед,
Ҳам ҳунарпеша.
Баҳори ошиқон, яъне
Шаби маҳтобии дунё,
Лаби ёре дар ин шабҳо,
Ки дарё аз шумо филме бибардорад –
Пур аз оҳанги дарёӣ,
Пур аз тасвири дарёӣ.
Навори обҳоро пур кунед аз хеш,
Пур кунед аз ишқ.
Парастуҳо
Хати парвозашонро дар ҳаво чун ришта мебанданд,
Ки фардо ин ҳаворо бо ҳамин ёддошт
Дар ёд бояд дошт.
Шумо ҳам риштаи зулфе гиреҳ бандед
Ва ин ёддоштро дар ёд бояд дошт,
Ки фардо ё пас аз фардо
Чароғи лолазорон мешавад хомӯш
Ва дарё ҳам наворашро
Ба гирди сангҳо печонда хоҳад дод
Ба бунёди хазонрезии тиллоӣ14
.
Тараддуди наврӯзӣ
Хонаҳоямро такидам
Аз ғубори солиёнӣ,
Шонаҳоямро такидам
14Фонди тиллоӣ.
Аз фишори зиндагонӣ.
Дудаҳоро аз дару деворҳо чидам,
Зарфҳоямро нигаҳ кардам,
Ҳар чи буд бедаста, дур андохтам,
Ҳар чи ноқис буд, бурун андохтам;
Чунки Наврӯзи Аҷам омад,
Аз Аҷам, аз Тахти Ҷам омад.
Сабз кардам як табақ гандум,
Рамзи сарсабзии мардум,
Неъмати пешонии сол,
Пеш аз пешомадаш фол;
Чунки Наврӯзи Бузург омад,
Рӯзи нав, рӯзи бузург омад.
Кардам охир кундасӯзӣ,
Ҳамчу муғ оташфурӯзӣ,
Аз сари оташ паридам,
Аз дами оташ ҷаҳидам,
Шӯстам худро дар оташ,
Чун Сиёвуш…
Бад-баробар шуд шабу рӯз,
Ҷашни Ҷамшед аст Наврӯз.
ЛИВОИ НАВРӮЗ
Рахшиду шикаст озарахше,
Мастона кашид шеҳа Рахше.
Аз тирукамон ҳавои Наврӯз
Афрошт ливои рахш-рахше.
Боронзада рӯзи офтобӣ,
Боронзада осмони обӣ,
Аз ҳар дару дашт қатра-қатра
Мавҷею шарораю дурахше.
Меҷӯшаду шуъла мезанад гул,
Чун оташи Зардуҳушт аз гил,
Дар домани боғ раста-раста,
Дар домани дашт бахш-бахше.
Дар ин дами обу рангпошӣ,
Ҳайф аст ту бо гуле набошӣ.
Ҳайф аст, ки ошиқона худро
Бо лолаарӯсаке набахшӣ.
2. ЧУН ҚАЛАМ НЕСТ КАСЕ ҲАМХУНАМ…
Аз оби сухан, ки меравад шаршарадор,
Аз ҷӯйи сухан, ки об дорад бисёр,
Бо шасти фаросату ба як риштаи зеҳн
Гулмоҳии шеър метавон кард шикор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё