Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агарчӣ пинае дар дасти манн ест,
Нагӯям кори номушкил гирифтам,
Ки чоки пою дастони падарро
Чу мероси падар дар дил гирифтам.
Гар аз гулхору аз санги адирҳо
Кунун кам монда дар пои ман осор,
Даруни синаам ҷар мешавад санг,
Даруни синаам гул мекунад хор.
Замини шеъри ман гӯри сухан нест,
Давоми кӯҳу саҳрои диёр аст,
Забони модарии зиндаи ман
Забони барқу борони баҳор аст.
Лабамро чашмаҳо бикшода бар шеър,
Диламро – гиряҳои обшорон,
Хате не, ҷӯ ба ҷӯ то дафтари ман
Расида оби Элоку Зарафшон…
Агар аз номи ман сатре бимонад,
Шумо, хонандагон, сатраш махонед,
Ба ҳукми мисрае аз киштзорон
Ба назм оварда огардаш бидонед.
Давоми шир-шири барги алафҳост
Ҳиҷою ҳарфи ман дар шеъри озод,
Ғазалҳои маро дар шабдаравҳо
Ману шаббодаҳо кардем эҷод.
ШАБИ ФАЙЗОБОД
Пурсояву пурмаҳтоб
Шаб хам-хами Файзобод,
Акси шаби маҳтобӣ
Дар шабнами Файзобод.
Шаббодаи саҳрояш
Бо бӯйи палак ояд,
Чун бӯйи малак ояд,
Аз авҷи фалак ояд.
Дар ҳар сари мижгонам
Каҳрезаи Файзобод,
Моҳи лаби ҷарҳояш
Чун кӯзаи Файзобод…
Пурсояву пурмаҳтоб
Шаб хам-хами Файзобод,
Акси шаби маҳтобӣ
Дар шабнами Файзобод.
Гаҳвораи таҳҷоӣ
Гаҳвораи устояш,
Гаҳвораи маҳтобӣ
Гаҳвораи талҳояш.
Бодаш, ки намехобад,
Ҷунбонда кунад хобаш,
Ноништаи ман умре
Ширрӯғани маҳтобаш…
Пурсояву пурмаҳтоб
Шаб хам-хами Файзобод,
Акси шаби маҳтобӣ
Дар шабнами Файзобод.
Дар ҳарду ҷаҳон муште
Аз хоки сафедаш бас,
Дар бар-бари Элокаш
Рақсидани бедаш бас.
Дарё, дарё…
Ёли ту чу ёли Рахш, дарё, дарё,
Тозанда ба дашти Вахш, дарё, дарё,
Ин роҳи дарозро напаймуд касе
Аз тармаи барфи Лахш, дарё, дарё.
Санги туву санги арш, дарё, дарё,
Роҳат ҳама сангфарш, дарё, дарё,
Обилаи пои туст ин кафку ҳубоб,
Аз сахтии санги фарш, дарё, дарё.
Аз рахна ба рахнаӣ ту, дарё, дарё,
Ҷӯяндаи ташнаӣ ту, дарё, дарё,
Сайқалзада дар ҳазору як қайроқат
Шамшери бараҳнаӣ ту, дарё, дарё.
Аз пушта ба пушта мефароӣ, дарё,
Монандаи ришта мефароӣ, дарё,
Аз водӣ ба водӣ мебароӣ, дарё,
Яъне, ки ту раҳнамоӣ, дарё, дарё.
Ҳар ҷо, ки таноби туст, дарё, дарё,
Нуронӣ чу оби туст, дарё, дарё,
Дар хонаам обгинаи лампаи ман
Монанди ҳубоби туст, дарё, дарё.
Оинатар аз ту чист, дарё, дарё,
Оинатар аз ту нест, дарё, дарё,
Як қатраи ту ба вақти ҷонкандани ман
Як қатраи зиндагист, дарё, дарё.
Бадахшон чатри симини замин аст
Ба тезӣ теғаҳояш ҳамчу теғаш,
Кунад бо теғааш садпора меғаш.
Сафи дандонаҳояш ҳамчу дандон,
Харошад чархи гардунро ситеғаш.
Бадахшон чатри симини замин аст,
Табиатро дар ангуштар нигин аст13
.
Ба дасте лаъли сурхи синаи кӯҳ,
Ба як дасти дигар лаъли дили ӯ,
Ду лаъл аст дар кафи дасти бадахшӣ,
Ду лаълу чашмгардон шохи оҳу.
Бадахшон чатри симини замин аст,
Табиатро дар ангуштар нигин аст.
Агар рафтӣ Бадахшон куҳнавардӣ,
Агар дидӣ ду чашми лоҷувардӣ,
Чу санги лоҷувардаш сабзу обӣ,
Ту умре аз Бадахшон барнагардӣ.
Бадахшон чатри симини замин аст,
Табиатро дар ангуштар нигин аст.
СУРХИИ РӮЯТРО БИДЕҲ
Моро увол аст аз азал
Хокистаре дар зери по,
Эй аз туам сад илтимос,
Эй аз туам сад илтиҷо:
Сурхии рӯятро бидеҳ,
Зардии рӯямро бигир,
13Байти устод Лоҳутист.
Гармии рӯятро бидеҳ,
Сардии рӯямро бигир.

пешина
аз 110
навбатӣ