ЗАМИНИ МОДАРӢ

Ҷаҳонгарде ба манзилҳо
Аз оғӯши ту рӯзи офтобӣ мебарад савғот.
Туро бо шеъри Турсунзода мардум мекунад аз бар,
Туро бо шеъри Турсунзода мардум мебарад дар ёд.
Душанбе - шаҳри ҳуснобод
Душанбе - шаҳри навбунёд,
Ҳама анҷомат оғоз асту оғоз аст,
Раҳат тангу канорат
Чун канори тоҷикон боз аст.
Мекашад моро дарӣ аз ҳар даре
Нест қонуни кашише дар ҷаҳон
Дар кашидан ҳамчу қонуни забон,
Гарчи ҳамхуни Сиёвушем мо,
Бо забони худ ҳамоғӯшем мо.
Гарчи бо сад халқ ҳамдӯшем мо,
Ҳар куҷо сар то қадам ҳӯшем мо,
Ҳар куҷо сар то қадам гӯшем мо,
То забони хешро нӯшем мо.
Алғараз, моро дарӣ аз ҳар даре
Мекашад ҳамчун забони модарӣ.
Бо ҳамин қонун таҳорат мекунам,
Бо ҳамин қонун зиёрат мекунам,
Каъбаро на, Каъбатулушшоқро,
Хокро на, шишаи офоқро.
Бас маро аз қитъаи волои Рум
Сурмае аз хоки Мавлонои Рум.
Тоҷмаҳалро саҷда мекардам агар,
Мадфани Бедил набуд дар раҳгузар,
Дар тавофи турбати Хусрав набуд
Анҷуман аз шоиру аҳли суруд.
Бо Ғанӣ дар шаҳри Кашмирем мо,
Балки бо Иқбол ҳамшаҳрем мо,
Балки бо Иқбол ҳамширем мо,
Чунки бо Иқбол ҳамшеърем мо.
Алғараз, моро дарӣ аз ҳар даре
Мекашад ҳамчун забони модарӣ.
Ин забон ҷуз шуълае дар мушт нест,
Ҷуз забони оташи Зардушт нест.
Мо аз он оташ шарар кардем сабз,
Сар заданд морову сар кардем сабз.
Мебуриданд ҳар қадар моро забон,
Мо забони модариро дар даҳон
Сабз мекардему месабзид он.
ЧУН ҚАЛАМ НЕСТ КАСЕ ҲАМХУНАМ
Ҷеваке ман ба сари дил дорам,
Ҷои пул нест, барои қалам аст,
Қалами ман ба дилам наздик аст,
Ба ҳавои дилам одат кардаст.
Хиш-хиши тарзи қаламронии ман
Тапиши қалби маро мемонад,
Тапиши қалбам агар мавзун аст,
Хиш-хиши хомаи ман мавзун аст;
Чун қалам нест касе наздикам.
Ин қадар ранг, ки дар дафтари ман
Аз димоғи қаламам мерезад,
Ба худо, хуни ман аст,
Ба худо, ранги қалам хуни ман аст.
Аз димоғи қаламам дар дафтар
Хуни ман мерезад;
Чун қалам нест касе ҳамрангам,
Чун қалам нест касе ҳамхунам.
Набзи ман дар таги ангушти қалам,
Қаламам набзи маро месанҷад,
Қаламам набзи маро мешумарад,
Менигорад қаламам набзи маро;
Тапиши набзам агар мавзун аст,
Хиш-хиши хомаи ман мавзун аст.
Қалами ман, ки дар ангушти ман аст,
Қаламам нест, як ангушти ман аст,
Ба ин ангушт шаш ангушти ман аст,
Ин шаш ангушт, ки дар мушти ман аст,
Басам ин мушт, ки дар пушти ман аст.
ҚАЛАМ
Ҳарчанд ки ин нони ман аз нуни қалам нест,
Гулгун хати ман ҷуз пайи нохуни қалам нест.
Ман хуни қалам рехтаам ин ҳама бебок,
Дар гардани ман ғайри ҳамин хуни қалам нест.
Моро, ки қаламдон бувад аз ҷангали найзор,
Чандаш набуридем, сару буни қалам нест.
Нақши қалам аз пардаи дилҳо натавон шуст,
Эй шустагарон, сабр, ки собуни қалам нест.
Ангушти қалам руста дар ангушти қаламдаст,
Ҷуз аҳли қалам ҳамрагу ҳамхуни қалам нест.
Теғе накунад ҳамчу қаламтеғ қаламҳо,
Ку он, ки дар ин масъала мафтуни қалам нест.
Дар мактаби ман ғайри рахи дафтари хат-хат,
Эй мактабиён, роҳи дигаргуни қалам нест.
Савганд ба ҷон мехурад ин мардуму моро
Савганд ба ҷуз бо сари гулгуни қалам нест.
Ман доди қалам додаму дар кишвари тоҷик
Чанбар ба сарам шохаи зайтуни қалам нест.
Шоиронро масупоред набӯсида ба хок
Аз азал шеър набуд,
Шеърро ҳазрати Зардушт баровард, ки ӯ
Аввалин шоири пайғамбару пайғамбари шоир будаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё