ЗАМИНИ МОДАРӢ

Ман, ба сӯи акси даврони ҷавониам назар афканда мегӯям:
«Акси дерин, дидаат равшан, баҳор омад!»
Акси ман аз қиблаи девор механдад,
Акси ман дар чорчӯби худ намеғунҷад.
Рост аз рӯи замин сабзида як қомат
Устохонаҳои чанорон,
Устохонаҳои сафедорон,
Гӯиё барҷаста як қомат
Устухонҳои азизон,
Устухонҳои шаҳидон.
Устухонҳо ғунча хоҳанд дод,
Устухонҳо барг хоҳанд дод,
Устухонҳо панҷа хоҳанд дод.
Навбаҳор – устои марҳамбанд
Бастааст аз махмалак, аз ушна марҳам
Бар тароши тешаву захми табарҳо,
Пои маҷрӯҳи дарахтонро
Баста бо печак,
Ҳамчу як доругари ҳозиқ,
Ҳамчу як доругари бобоии тоҷик.
Ҷонамози сояашро бар замин густурда маҷнунбед,
Дар суҷуд истода сархам.
Ин дарахт умре намозашро
Дар ҳамин як ҷонамози сояи худ мегузорад.
Ман ҳам аз авлоди ин бедам,
Сояи касро накардам ҷонамоз умре,
Доиман бар сояи худ саҷда кардам,
Доиман бар сояи худ саҷда хоҳам кард.
Дар миёни сабзаву хори сари девори қишлоқ,
Лола, чун тоҷи хурӯсони сари девори қишлоқ,
Гуфтӣ, алъон мезанад пар,
Бол мекӯбад ҳамин алъон,
Аз сари девор мехонад хурӯси лолаи сурхи қалангӣ,
Пои хобат мешавад бедор,
Хуни хобат мешавад бедор,
Ҳар рагу пайванди хобат мешавад бедор,
Бахти хобат мешавад бедор.
ДАРАХТИ САБДА ШУД ДАР ПУШТА МОДАР
Аз он чӯбе, ки дар гӯраш задам тӯғ,
Баромад модарам сабзида аз гӯр,
Дарахти сабда7 шуд дар пуштаи хок,
Ки модар менамояд бар ман аз дур.
Чуноне зист ӯ, бечорагӣ кард,
Миёни ҷандаҳояш бандагӣ кард,
Дарахти модарам шуд латтабандӣ,
Саропо куртаҳои кандагӣ кард.
Ҷавонзанҳои қишлоқам ба армон,
Ки шояд кӯдаке гардад муяссар,
7Сабда (сабада) - сада
Ба нӯги шохаҳояш латта банданд,
Ба дандон канда аз ҳар докаи сар,
Ки ҳамчун остони модари ман
Набуд як остони хонақоҳе,
Набуд чун модари ман бошафоат
Азизею шаҳидею мазоре,
Ки ҳамчун модари ман серфарзанд
Ками кам буд дар дунё аёле,
Ки ҳамчун модари ман чӯҷапарвар
Ками кам буд мурғи чӯҷадоре.
Дукони хонааш чун хонаи мӯр,
Ҳама анҷому бораш реза-реза,
Ба як ҷо – рези хирманҳои қишлоқ,
Ба як ҷо – донаву мағзу мавизак.
Ба мо ноне, ки модар баста медод,
Ба қадри гӯшамон бишкаста медод,
Ки моро – баччаҳои гушнаашро
Наранҷонад ба вақти гушнагиҳо…
Валекин зиндагӣ ҳар тиккае дод,
Ба нархи гӯш дод, эй доду бедод,
Ту гуфтӣ зиндагонӣ гӯшамонро
Бурида тиккае, як тиккае дод.
Чунон ин зиндагӣ моро пакар кард,
Чунон хору чунон муҳтоҷу мадҳӯш,
Чунон номеҳрубон, бе нангу номус,
Ки модар ҳам фаромуш шуд, фаромӯш.
На боре нон, на собунаш харидем,
На боре докаву попӯшии нав,
Ба умраш куртаи моро напӯшид,
Кафан ҳам бар танаш аз мо напӯшид…
Дарахти сабда шуд дар пушта модар,
Дарахте, чун сабадҳои каҷова8
,
Ту гуфтӣ, як сабад ғам, як сабад ғам,
Ту гуфтӣ, як сабад андӯҳу мотам…
Касе дар кулбаи модар намондаст
Ба ғайр аз корбофакҳои9 чун ӯ,
Ба ғайр аз риштаҳои корбофак,
Ба ғайр аз лонаи ҷуфти парасту.
КУЛБАИ МОДАР
Дар навдаи тути модар овезон
Чун халтаи чака халтаи маҳтоб,
Дар кундаи тути модар овезон
Чун халтаи моҳ халтаи ҷурғот.
Шаб аз лаби боми кулбаи модар
Ҳамчун зари об мечакад маҳтоб,
Аз халтаи моҳу халтаи ҷурғот
Ҳамчун зари ноб мечакад зардоб…
Ман, дар тани кӯдакӣ фурӯ рафта,
Худро таги тутти пухта мебинам,
Дар ҷолаи туту тутборонаш
Як мушт ятими хуфта мебинам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё