ЗАМИНИ МОДАРӢ

МАДДУ ҶАЗР
Вақте ки дарё мешавад сероб,
Вақте ки дарё мешавад лабрез,
Кафк бар лаб мешавад девона дарё,
Медамад об,
Ҳамчу шири пухтае аз дег,
Аз лаби об об мерезад,
Он чи дар ӯ ҳасту бо ӯ нест,
Мешавад нест.
Вақте ки дарё мекунад тӯфон,
Мекунад исён,
Мекунад чун кӯҳҳо кӯҳон,
Мешавад гирдоб,
Мехӯрад тоб,
Бо ҳазорон панҷаи мавҷаш
Куштаҳояшро аз оғӯш,
Аз сари дӯш
Мекашад берун:
Ғӯлачӯбе,
Хирмане аз сабзаи обӣ,
Ҳайкали пайғамбари дерин,
Каҳрабое, гӯшмоҳӣ,
Заврақи вайрони раҳзанҳои дарёӣ…
Аз ин қадар нопок
Дарё мешавад пок…
Синаи мо ҳамчу дарёст,
Мадду ҷазри хешро дорад,
Мехурӯшад, мезанад ҷӯш,
Партоба меандозад аз хеш;
Ҳарчи дар ӯ ҳасту бо ӯ нест,
Ҳар чи дар ӯ ҳасту аз ӯ нест,
Мешавад нест.
Бо ҳамин қонуну қувват
Мешавад полида дарё;
Бо ҳамин қонуну қувват
Мешавад полида дилҳо
Аз палидиҳо.
АШКАМ МАРО ГУЛӮЛА МЕЗАНАД
Гулмоҳие, ки аз таги обаш кашидаам,
Дар оби чашми ман,
Ҳамчун даруни шишаи обе, шиновар аст,
Балки…
Дар чашми ман нишона аз он гулмоҳӣ
Афтода гул,
Чу пӯлаки моҳӣ.
Он мӯрҳо, ки зери қадамҳоям
Помол кардаам,
Дар банди пойи ман
Аз фавҷ-фавҷи мӯр
Баста як чилбур,
Ки мегазад чун мӯр.
Як гурги пӯстак,
Як гурги мехкӯб ба девори хонаам
Дар гургу меши субҳи зимистон
Аз хобҳои барфии ман нӯла мезанад,
Ашкам маро гулӯла мезанад.
Дар дашти Кабкрез, ба ғайр аз хироҷи5 кабк,
Аз кабки хушхиром
Ному нишона нест.
5Гиёҳи хўрдании кўдакиҳои мо.
Вақте ки Кабкрез маро мерасад ба ҳуш,
Нохост ҳарду гӯш
Фарёд мезанад, ки аё кабки рав, гурез
Аз дашти Кабкрез!
Мурғе, ки ман гирифтамаш ба ҳалқа
Аз ҳалқаш,
Истодааст луқмаи овози ӯ ҳанӯз
Дар ҳалқам.
Кӯчида чашми ман,
Пӯчида чашми ман
Чун лонае, ки чӯҷаи онро кашидаам
Ҳамчун нигини чашм…
ПУШТАҲО
Пуштаҳо – роҳҳои хокии ман,
Пуштаҳо – ҷои хокбозии ман,
Пуштаҳо – гӯри модару падарам,
Хоку хокистари намозии ман.
Мебарад мӯр, мебарад мӯраш
Резаҳои дили маро ҳар сӯй,
Мебарад, мебарад парастуяш
Аз лаби ҷӯ гили маро ҳар сӯй.
Гӯиё буд момадояи ман
Момаборонаки баҳоронаш.
Гуфтӣ, гаҳвораам биҷунбондаст
Малахи гоҳвораҷунбонаш.
Чун қатори дулонаҳояш ман
Ҳамқаторе наметавонам дошт,
Ҳамчу дарёканори Ҳелокаш
Ҳамканоре наметавонам дошт.
Ману маҳтоби рӯи девораш,
Сояи току туту сояи бед
Филми шабҳои кӯдакиам буд
Филми маҳтобии сиёҳу сафед.
Чун чанори шикастапушташ нест
Пири садсола дар паси пуштам,
Нест муште чу мушти калтуташ,
Вой бар ман, агар занад муштам.
Дар паси пушта Сӯфиёни ман аст,
Каҳгили кулбаҳош тиллоист.
Дар паси кулбаҳо чу мактаби ман
Чордевории сафедак нест.
Дӯст дорам, ки бӯяму бӯям
Бӯи дуди алови нонашро,
Дӯст дорам, ки бӯсаму бӯсам
Аз сари пушта осмонашро.
То наборад дигар, биҷӯшондам
Рӯзи боронӣ оби боронаш6
,
Оби чашми маро биҷӯшонед,
То шавад хушк ашки резонаш.
НАВБАҲОР – УСТОИ МАРҲАМБАНД
Осмон соф,
Чашмҳои осмонӣ соф.
6Мавриди боронҳои ҳафтшабу ҳафтрўза оби боронро ҷўшонида хушк мекардем, ки оби деги осмон ҳам хушк шавад.
Обҳо дар чашма меҷӯшанд,
Чашмҳои обӣ меҷӯшанд,
Мезанад аз ханда дандонҳо чароғак.
Шишаҳои хонаҳо шуста,
Шишаҳои синаҳо шуста,
Шуста ҳамчун шишаи офоқи боронӣ,
Атласи рангинкамон – ёдоваре аз ёри атласпӯш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё