ЗАМИНИ МОДАРӢ

Як мушт ятими хуфтаро модар
8Каҷова – сабади калон.
9Корбофак (карбосбофак) – тортанак.
Дар тахтаи дил гирифта мехобад,
Дар пахтаи дил гирифта мехобад.
Сар монда ба тахтаи дили модар,
Сар монда ба пахтаи дили модар,
Бо чак-чаки чака мебарад хобам,
Чун равғани маска мебарад хобам.
Дар ҷогаҳи мо, ки тут мерезад
Чун ҷола, ки моҳи ҳут мерезад,
Хамёза, ки мекашӣ, ба нохост
Шаб дар даҳани ту тут меафтад.
Вақте ки сапеда деги гардунро
Чун модари ман ба рег мешӯяд,
Вақте ки сапеда гови гардунро
Чун модари ман пагоҳӣ медӯшад,
Бо шир-шири шир мешавам бедор,
Бо шир-шири ширдӯшии модар…
Дар хоби шабам ҳанӯз бехотир
Ман дар тани кӯдакӣ фурӯ рафта,
Худро таги тути пухта мебинам,
Дар ҷолаи туту тутборонаш
Як мушт ятими хуфта мебинам,
Додар ба бағал гирифта додарро,
Хоҳар ба бағал гирифта хоҳарро.
Вақте ки аз ин миёна бархезам,
На мушти ятими хуфта мебинам,
На дасти бағалгирифта мебинам,
На навдаи тути пухта мебинам
На! На! На ба мушт донаи туте,
Танҳо ману мушти сахти калтуте.
Ман аз тани кӯдакии ман ҳар бор
Чун мурғи пагоҳӣ мешавам бедор,
Чун мурғи пагоҳӣ сина мекӯбам,
Чун мурғи пагоҳӣ мезанам фарёд,
Чун мурғи пагоҳӣ мекунам ку-ку:
Ку хоҳаракони хонарӯбам, ку
(Сад соли дароз хона норуфта)?!
Ку додаракони хонабонам, ку
(Сад соли дароз хона бесоҳиб)?!
Ку модараки сағерабонам ку
(Сад соли дароз дег ношуста,
Дегу табақаш ба рег ношуста)?!
На чак-чаки халтаҳои хобовар,
На шир-шири ширдӯшии модар,
Девори гилеву сояравшанҳо,
Девори дилеву сояравшанҳо,
Дар шохи чанор халтаи маҳтоб,
Аз халтаи сина мечакад зардоб.
СУХАНИ НОТАМОМ
Тамоми дору дарахтони рӯи замин
Агар ба дасти нависандагон қалам гардад,
Агар ки ранг шавад оби чашмаву дарё
Ва барги дору дарахтон шавад агар дафтар,
Агар навишта шавад дар ситоиши Модар,
Шавад тамому сухан нотамом монад боз.
ДАР АЗОИ ДОДАРАМ ИБРОҲИМ
Дар кадомин сароӣ, Иброҳим,
Ин қадар камнамоӣ, Иброҳим.
Талхаам мекафад, агар гӯянд:
Дар дили пуштаҳоӣ, Иброҳим.
Даҳ сари сол дарбадар будӣ,
Боз дар ким-куҷоӣ, Иброҳим.
Даҳ баҳору хазон магар кам буд,
Боз аз мо ҷудоӣ, Иброҳим.
Як сафар ҳам наход дар даҳ сол
Хонаи ман наоӣ, Иброҳим.
Магарам ман ба хонаи ту равам,
Дар лаҳад дар кушоӣ, Иброҳим.
Туҳфаат як чароғ хоҳам бурд
Гӯри берӯшноӣ, Иброҳим.
Ин қадар зуд, ин қадар нохост
Аз чи кардӣ ҷудоӣ, Иброҳим.
Гашта-баргашта модарам мегуфт,
Кенҷатулфори10 моӣ, Иброҳим.
Кӯдаки чиллаи зимистонӣ,
Тифли соли сиёӣ, Иброҳим.
Соли кунҷораву сабусхорӣ,
Давраи нонгадоӣ, Иброҳим.
Ин сиёҳӣ нарафт аз бахтат
Дар ҳазор осиёе, Иброҳим…
Панҷ тоҷи сари маро гардун
Бурд аз ман ҳавоӣ, Иброҳим.
Боварам, боварам намеомад,
Ки ту ҳам бебақоӣ, Иброҳим.
Ҳар касе бар дарат нигаҳ мекард,
Ки ту кай мебароӣ, Иброҳим.
Ҳайфи он қадбаландӣ, яктоӣ,
Ҳайфи он хушнамоӣ, Иброҳим.
Бо қаде ончунон аламнок аст,
Ки ду рӯзе напоӣ, Иброҳим…
Ними мо дар ҷавонӣ шуд нобуд
10Тифли кенҷагӣ (вожаи модарам)
Агар аз бенавоӣ, Иброҳим,
Бемаҳал ҷон супурд ними дигар
Фақат аз бедавоӣ, Иброҳим.
Кист аз мо, ки рост, рост намурд
Аз хурӯҷи фаҷоӣ, Иброҳим?
Кист аз мо, ки ҷон надод охир
Дар таби бешифоӣ, Иброҳим?
Кист аз мо, бигӯ, ки ёфт, ки ёфт
Аз маризӣ раҳоӣ, Иброҳим?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё