Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамчу тӯси таги тирезаамон
Хоҳарам, дидамат яке дар хоб!


Оҳ, ин чи шабе! Наметавонам
Осуда кунам ба бистарам хоб,
Гӯё, ки ҳанӯз ҳам ҷавонам,
Дорам ҳавасе ба ширмаҳтоб.
Маҳбубаи навҷавонии ман,
Эй дарду давои куҳнаи дил!
Бо ёди ту кардааст равшан
Имшаб маҳипурра хонаи дил.
Афтода вале чу сояи хам
Дар ҷабҳа ҳазор сояи чин,
Шуд ҳусни ҷавонӣ аз ғамат кам,
Бар ҳусни ҷавониам ту зомин.
Фикри ту ба сар нишастаам боз,
Чашмам ба дарахтҳои урён,
Бо ёди ту медиҳад дил овоз,
Чун хиш-хиши боди баргрезон.
Шояд, ки ту ҳам накардаӣ хоб,
Бар ин шабу маҳ назора дорӣ,
Мекобӣ маро, нишаста бетоб,
Аз хотираҳои ёдгорӣ.
Ман дар дили ту агар намондам,
Дар синаи ман ту гаштаӣ гум.
Пайванд намешудаст одам,
Шуд манзили мо диёри мардум.
Акнун ба хаёли ишқи дерин
Ман менигарам ба ширмаҳтоб,
Меҷӯямат аз хаёли ғамгин,
Мебинамат аз даричаи хоб.
Михаил СВЕТЛОВ
(Русссия)
БА МОНОЛИС ГЛЕЗОС
Биё, ману ту шабу рӯзу қисмати худро
Ба ҳам кунем бадал чун бародарони куҳан...
Ба ҷои ман ту биё дар паси тиреза нишин,
Ба пушти панҷараи оҳанин нишинам ман.
Миёни мо ҳама меҳру ҳавои ҳамдардист,
Биё, ту дар ватани рус зиндагонӣ кун!
Маро ба ҷои ту зиндон кунанд дар Юнон
Сипоҳиёни сарафшони шуми ташнаи хун...
Ба ман дамидани субҳи зафар намоён аст
Зи пушти панҷараат ҳамчу аз паси сангар,
Ба ҳукми вақти дигаргунае парешон гашт
Дар Аврупо басе юнонӣ бо талоши дигар.
Ба рағми нанги замон устуворӣ бояд кард,
Умеди халқу адолат чаро шавад қурбон?
Замонаҳо ҳама Отин ба арши шуҳрат буд,
Чаро ба хок нишинад, чаро шавад зиндон?
Ба мисли духтари сарсахт гиря кун, таърих,
Ки ҷои хашму алам, ҷои гиря аст акнун,
Чи ҳарзаҳо, ки ба Юнон шуданд садрнишин
Ба ҷои ҷумла бузургони номдори қурун.
Ба қасди ҳарзаю дунпарварон бибояд зист,
Ҳанӯз ҳақталабон зиндаанд баҳри Ватан!
Хуш он даме, ки Манолис, қадамзанӣ хушбахт
Ба рӯҳи тоза ба Майдони Сурх ҳамраҳи ман.
МОТАМ
Пеш аз ин ҳам дарахтҳо ҳар сол
Гоҳ гул карда, гаҳ хазон шудаанд...
Сад ҳазорон касон дар ин дунё
То ба мо хоки хокдон шудааанд...
Мурдаҳоро Худо биёмурзад,
Баҳри онҳо дигар чӣ ҷои алам?
Ҷумла ҳоло ғами маро бихӯред,
Ҳайфи ман, ҳайфи ман, ки мемирам!
Эдуардас МЕЖЕЛАЙТИС
(Литва)
ТАКУРИ МАРМАРӢ
Истода сарбаланд
Мисли манорае,
Сар то ба по сафед.
Чашмам ба сӯи ӯст,
Бо ман ба гуфтугӯст,
Ин марди мармарӣ,
Ин пири ховарӣ.
Шаб то саҳар чу об
Мешорад аз ду шонаи ӯ нури маҳтоб...
Шабҳои моҳтобии хилват ҳанӯз ҳам
Мехонад ӯ китоб...
Бо ман ба гуфтугӯст,
Аммо чи гуфтугӯ?
Танҳост балки ӯ,
Танҳост ин паямбари сар то ба по сафед,
Танҳост ин манораи зебои мармарӣ.
Аз нафрате, ки дошт
Бар зиндагии хеш,
Аз ғуссае, ки дошт
Дар зиндагии хеш,
Чизе дар ин муҷассама бо ӯ намондааст,
Ҷуз ин сари сафед,
Чун гумбази сафед...
Истодааст ӯ
Мағруру сарбаланд,
Бо ҳайату ваҷоҳати поки паямбарӣ
Чун бурҷи мармарӣ.
Ин ҳайкали баланд
Тимсоли хашму кинаи талхи Такур нест,
Ин ҳайкали муҳаббату бахти баланди ӯст,
К-истода ёдгор
Аз он бузургвор.
БОЗГАШТ
Партави маҳтобро ҳамро мунаввар мекунад,
Ҳар дарахте нарм меҷунбад ба истиқболи ман.
Ҳамчунон обод даргоҳи падар истодааст,
Ҳар дару девори ӯ мепурсад аз аҳволи ман.

пешина
аз 110
навбатӣ