Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Роҳҳо тахта-тахта чун тобут
Мурдаҳои ғариб меоранд.
Нест беҳуда ин масал, ин ҳарф,
К-аз азал халқ мекунад такрор:
Саги оворагарди дайду ҳам
Рӯзи мурдан ба хона ояд зор.
Ғел-ғелон маро ҳам аз дарҳо
Мекашад хоки деҳаам бар худ.
Як шабе дар канори ҷӯи падар
Мешавад шоҳдона ашколуд.


Кавар хобида, саҳро хуфта намнок,
Ҳаворо бо тароват карда явшон,
Маро шаббода дар паҳнои ин хок,
Ту гӯӣ, мекунад ҷамъу парешон.
Дар ин ҷо дурам аз ғавғои олам,
Нахоҳам хӯрд аз бешукам афсӯс,
Азобе ҳам кашам, парво надорам,
Бувад ширин азоби кишвари Рус.
Пурасрор аст ин ҷонури маҳтоб,
Чи гапҳо мезанад барги сафедор.
Садои турнаро бишнида дар хоб,
Гириста, мешавам бо гиря бедор.
Агарчанде дигаргун гашт даврон,
Дигаргун гаштаам ман ҳам ба оин,
Валекин будаму монам ғазалхон, -
Сухан пардози манзилҳои чӯбин.
Шабонгаҳ тагсариро карда оғӯш,
Ҳамебинам ба чашмони фаросат,
Ки даврон бо мани чун рӯҳи нохуш
Надорад он қадар меҳру муҳаббат.
Вале аз рӯзгори тоза хуррам,
Ман аз тақдири худ дорам таманно:
Агар хоҳӣ, ки ман осуда мирам,
Маро мон дар Ватан бо ҳамватанҳо.


Барг резону барг резон аст,
Мекашад оҳи сард фасли хазон...
Дили моро кӣ мекунад хурсанд?
Ғами моро кӣ мехӯрад, ёрон?!
Мекунам ман ба маҳ нигоҳу нигоҳ,
Дидаам сарду ҷабҳаам пурчин,
Мебарояд базӯр бонги хурӯс
Аз дили ин хамӯшии вазнин.
Медамад субҳ аз канори уфуқ,
Мешавад базми ахтарон охир,
Субҳдам кас мурод металабад,
Ман надонам, чи хоҳам аз тақдир.
Зиндагиро, ки пушти по задаам,
Боз аз он чӣ метавонам хост?
Талаби ман висоли духтаракест,
Кош ояд ба кулбаам нохост.
То ба чашмони чун гули гандум
Ӯ хазони маро баҳор кунад,
Хотири фотири маро нафасаш,
Ҳамчу шаббода беғубор кунад.
Як даме то дар ин ҳаёти сипанҷ
Бахти хобидаам шавад бедор,
Боз хонам ба оби чашм ашъор.
Бо ҷавонии дигарон дилшод,
Накунам аз ҷавонии худ ёд.


Маҳтоб дар лаби бом, шаббода гирди девор,
Як пайкари сафед аст рӯзи хазон сафедор.
Талянка менавозанд, овози яккафарёд
Моро ба хотири мо оварда мекунад шод.
Сози мусиқӣ
Талянка нола дорад, менолад аз ҷудоӣ, -
Зирфуни ман куҷоӣ? Зирфуни ман куҷоӣ?
Талянка мекашидам ман ҳам ба шомгоҳон,
Ҳангоми навҷавонӣ дар давраи ҷавонон.
Акнун бибин, чи гаштам, то дарди дил кунам кам,
Бо нағмаи дигарҳо шодию гиря дорам...


Бисаро он таронаро, ки ҳанӯз
Модари пирамон ба мо мехонд.
Гарчи ман дилшикастаам имрӯз,
Таби ман ношикаста хоҳад монд.
Бисаро, хоҳарам, хамӯш-хамӯш,
Ашкрезон шавам ҳамовозат,
Аз лабони ту мерасад бар гӯш
Шеваҳои диёри пуррозат.
Таҳти овози ту маро нафасе
Мебарад ёди хонумони падар,
Чашм мепӯшаму касею хасе
Гашта баргашта мерасад ба назар.
Бисаро аз барои ман, ки маро
Хушие ҷуз хаёли деҳа набуд,
Аз азал шодию ғами русто
Ғаму хурсандии дили ман шуд.
Тирамоҳу баҳори деҳа хуш аст,
Баргрезонии ғубайро ҳам,
Нолиши барги зард дар гӯш аст,
Чун гапи тагзабонии одам.
Дар хаёлам шабу саҳар яксон
Менамояд касе маро коҳиш....
Модарам рост дар таги долон
Мурғҳоро ҳамекунад киш-киш.
Кардаам ёд мӯюрӯи варо,
Садқаи куртаҳои карбосаш...
Садқаи боду бориши русто,
Боду борони ӯ бувад дилкаш.
Ман зи ишқу ҳавои деҳистон
Майл дорам гаҳе ба шеъру шароб...

пешина
аз 110
навбатӣ