Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Зеро бе донистани асли масъала ман кӯмак карда наметавонам.
– Писарам, ман дар ин ҷо суҳбат карда наметавонам, зеро масъалаи хело ҷиддӣ ва махфӣ аст, биёед, имрӯз пас аз коратон дар боғи марказӣ вохӯрем ва ман ҳамаашро ба шумо нарезондаю начаконда гӯям. Пас аз фаҳмонданам худатон қарор кунед, ки чӣ кор кардан мумкин аст. Аммо як чиз яқин аст, ки аз қарори мо тақдири бародари азизам вобаста аст, - ҷамъбаст намуд зан.
– Ман расо соати 18-30 дар боғи марказӣ мешавам, – хитоб кард Анӯшервон.
– Лекин як илтимос, на бародарам, на ягон каси дигар набояд дар бораи ман ва ин мулоқотамон фаҳмад, ваъда диҳед, ки намефаҳмад, – гуфта хоҳиш намуд зан.
– Қавл медиҳам, ки ягон кас намефаҳмад.
– Ин чизро шунида зан сипосгузорона ба самти баромад қадам гузошт.
Боғи ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар маркази шаҳри Душане ҷойгир буда, яке аз зеботарин боғҳои шаҳр ва дӯстдоштатарин макони шаҳрвандону меҳмонони дуру наздик ба ҳисоб меравад.

пешина
аз 161
навбатӣ