Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ягона суоле, ки дар сари Анӯшервон мисли гирдобе сахт чарх мезад, кӣ будани ҳамсуҳбаташ буд.
– Ман хоҳари ҷонии ҳамкоратон Салим Мухторов ҳастам, шумо албатта медонед, ки бародари ман чӣ гуна хислат дорад, аммо агар аз наздик шинос шавед, ӯ бениҳоят инсони меҳрубон аст. Ҳоло бародарам дар хатар аст. Сабаби мулоқоти ман бо шумо маҳз пешгирии ин хатар аст. Мехостам бо шумо маслиҳат карда ӯро аз ин душворӣ наҷот диҳаму аз иқдоми аблаҳонааш дур кунам. Дар ин кор ба фикрам танҳо шумо кумак расонида метавонед, зеро ӯ як моҳи охир танҳо дар бораи шумо ҳарф мезанад. То ин дам касеро чунин эҳтиром накардааст, - гуфта лаҳзае хомӯш шуд зан.
Анӯшервон дар воқеъ аз шунидани калимаи «хатар» мушавваш шуда, пас аз ба охир расидани сухани ҳамсуҳбаташ, суол дод.
– Ташаккури зиёд барои ин ташриф, аммо мехостам фаҳмам, ки чӣ воқеа рух додааст бо мӯйсафед?

пешина
аз 161
навбатӣ