Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ки имрӯз дар дохили бинои нашрия ҳаво хело гарм мешавад, ҳатто он кондитсионерҳои калони ширкати хитоии «Gree» толори 400–500 метри мураббаъи нашрияро, ки тақрибан то 120 нафар корманд дар он маҳсулоти полиграфиро шурӯъ аз дизайн то саҳифабандию муқовабандӣ бо сабаби тафси ҳаво ва мавҷуд набудани тирезаҳои калон, салқин карда наметавонистанд. Анӯшервон ороишгари беҳтарини нашрия буда , дар шуъбаи ӯ боз 3 нафари дигар кор мекарданд. Ӯ корманди таҷрибадори ин корхона ба ҳисоб мерафт ва ихтисоси худро хело хуб медонист, зеро 10 сол боз дар ин вазифа фаъолият дошт.
– Диққат! диққат! Соати расо 9-30 ба маҷлисгоҳ ҳозир шавед, шеф маҷлис мегузаронад,- бо овози баланди дағалу равғании мардона бонг мезад зани фарбеҳу тануманди хело ҷавон, ки котибаи раис буда ,аз сабаби садои баланд доштанаш кормандон шӯхиомез ӯро «Катюша», яроқи даврони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонро дар назар дошта, ном мегирифтанд.
Сарвиноз, ки номи аслии ин духтараки дар симо мардсифат, аммо дар ботин хеле ғамхору меҳрубон буд, ба ин шӯхиҳои коллектив одат карда, аз чунин лақабаш намеранҷид.
– Сарвинозҷон, агар зан намедоштам, ҳамин худаката танҳо барои садои форамакат мегирифтам, бешӯхӣ мегӯям, бо ин садои баланд дар бари ту субҳ аз хоб дер намехестаму ба кор саривақт меомадам, – гуфта қаҳқаҳзанон диққати кормандонро ба худ ҷалб намуд марди тақрибан сисолаи нашрия. Сарвиноз, ки чунин шӯхиҳои газанда сипари пӯлодини ӯро осебе намедоданд, ба истеҳзои ҳамкораш диққате надода, бо табассум такрор кард:
– Соати 9-30 дар толори маҷлисгоҳ, дер накунед боз, нӯҳу сӣ дақиқа.
Толори маҷлисгоҳ иқтидори ғунҷонидани 120 нафарро дошт. Аз рӯи одат пас аз 20 дақиқаи интизорӣ, бо қадамҳои устувору як навъ воҳимаву ҳашамати хоса аввал директор бо ҷонишини нашрия ва баъдан маъмурият иборат аз 3 нафар, роҳбарони шуъбаю раёсатҳо ба толор ҳозир мешуданд.
Директори нашрия марди тақрибан 54-55 солаи қадпаст буда, бо вуҷуди фарбеҳу чорпаҳлӯ будан қоматашро рост гирифта қадам мезад.

GREE – бузаргтарин ширкати истеҳсолкунандаи кондитсионерҳо дар Чин.

пешина
аз 161
навбатӣ