Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Рауф Ҳикматуллоев бо чашмони хурди тезу ба ҳам наздик ҷойгирифтааш, (ки аз нигоҳи устувору пурсиёаташ шаҳодат медоду одатан чунин нигоҳҳои пурвоҳимаи директорони корхонаҳои гуногун тобеонашонро ҳам ба ҳарос медароранду ҳам ба зоҳир намудани эҳтиром водор месозанд) аҳли толорро оромона аз назар гузаронид. Рауф Ҳикматуллоев расмиятпарастиро хело дӯст медошт, ин чиз дар зоҳираш низ хело равшан мушоҳида мешуд. Ӯ чунин одат дошт, ки як шиму куртаро то нимаи аввали рӯз ва нимаи дуввум бошад, шиму куртаи дигар ба бар мекард. Аз либоси наву зебояш худ фахр мекард. Пас аз дақиқаи сукут роҳбар суханро оғоз намуд.
– Рафиқон, кор суст рафта истодааст! Мо фармоишҳои муштариёнамонро, ки дар байни онҳо ташкилотҳои хориҷӣ, сафоратхонаҳо ва идораҳои бонуфузи кишварамон ҳам ҳастанд, саривақт иҷро карда наметавонем. Ина бинанд, фармоиши ташкилоти хориҷиро як моҳ аст, ки кашола дода истодаем, ин чӣ бемасъулиятист? Шарикон чӣ фикр мекунанд, мо бояд мавқеи худро чун нашрияи фаъолтарини кишвар аз даст надиҳем, корро устувор намоем, – бо исрор сухан меронд директор.

пешина
аз 161
навбатӣ