Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ин хоҳиши ҳамсараш Анӯшервонро аз мутолиаи ҳафтанома, ки оид ба даст овардани ғолибияти тими таеквондочиёни кишварамон дар мамлакати Қазоқистон хабар медод, боздошта, фикри ӯро ба самти хоҳиши ҳамсар ва саломатии писараш овард. Ҳамзамон ҳафтаномаро ба рӯи мизе, ки дар он як чойники калони чойи сиёҳ ва якчанд намуди мураббоҳои хонагии қулфинаю олуча омода шуда буданд, гузошт. Баъдан оромона пиёлаи пур аз чойашро каме дам кашида, ҳис намуд, ки чой аллакай хунук шудааст, пас аз болои он дубора чойи гарм рехту нони даҳ дақика пеш аз болояш равған молидаро як гази калон гирифту хоида-хоида ба тарафи ҳамсараш муроҷиат намуд:
– О ин паланги дадеш чаро гулӯдард шуда бошад дар чилаи тобистон? Берун 40 дараҷа гарму ин шербача гулӯдард, аз афташ яхмос хӯрдааст ё аз яхдон оби хунук додаӣ, – гуфта ба тарафи ҳамсараш нигоҳи озмоишкорона намуд Анӯшервон, – майлаш, рӯзи чаҳоршанбе ҷавоб гирифта, шербачаро ба духтур нишон медиҳем.
Дар берун ҳарорати фазо баланд шудан мегирифт ва Анӯшервон ба кор расо соати 8-00 расида ҳис намуд,

пешина
аз 161
навбатӣ