Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Хамсуҳбатон хомӯш буданд ва Анӯшервон боз идома дод,- сухан дар бораи риоя кардани андоза ё худ вақти сарфшуда бояд равад. Ин фарзия агар қабул бошад, пас мо инчунин гуфта метавонистем, ки хӯрдани барзиёди ош одамро мекушад, ки ин дарвоқеъ рост аст, аммо инсон худаш медонад, чанд қошуқ ош хӯрад, то ба саломатиаш зараре нарасонад.

  • Хуб - хуб, - гӯён ҳам полковник ва дигар иштирокчиёни баҳс, ки маълум буд аз чунин посухи ногаҳон як навъ бедор шуда буданд, ҳатто каме саргарм ҳам шуданд.
    -Ин андешаи шумо низ ҷой дорад, аммо биёед танҳо дар бораи таъсири экрани телевизион ҳарф занем. Албатта, тавре ки гуфтед, инсон худ метавонад интихоб кунад чанд соат барномаю маълумоти дар телевизион пахшгардидаро тамошо кунад, ё умуман набинад, аммо ба ин кор танҳо нафари ками одамон қодиранд, зеро аз васвасаи экранҳои телевизион боздоштани инсон хело душвор аст.
пешина
аз 161
навбатӣ