Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ӯ пурра ин амали худро дарк мекард. Ин гуна ҷиноятҳои ғайриинсонӣ ҳамарӯза дар тамоми гӯшаю канори сайёраамон рух медиҳанд ва аксаран сабаби асосии чунин амалҳои ғайриинсониро дар ҳирси ба даст овардани «Ҳаёти фаровон» мебинанд, ки аз ҷониби экранҳо ба мо бор карда мешаванд. Холо, дар асри XXI инсон аз чунин ҷиноятҳои вазнин бештар хабардор аст, зеро имконияти экранҳо боз ҳам бештару номаҳдуд шудаанд, инсон аз доми онҳо роҳи гурезе надорад…Акнун бармегардем ба суоле, ки ман мехостам ба шумо диҳам, писарам. Албатта, шумо дар бораи фарзияи дӯстамон Салимҷон, ки экранҳоро сабаби асосии таназзули башарият мешуморад, маълумот доред, ман мехостам фаҳмам, ки фикри шумо чун ҷавони замони имрӯза оид ба ин фарзия чӣ гуна аст?- бо як нуктасанҷӣ суол кард полковник.
Анӯшервон, аслан ба чунин фарзия комилан зид буд, аммо аз рӯи эҳтироми усто Салим, мулоимтар карда ба сухан шурӯъ намуд:

  • Ин фарзия шояд ҷой дошта бошад, аммо пурра ба экранҳо дода шудани одамон худ фикри нодуруст аст, зеро интихоб дар дасти худи инсон аст ва ӯ қудрати даст кашидан аз тамошои телевизор, истифодаи интернет, компютер ва телефонро дорад,- эҳтиёткорона посух дод Анӯшервон.
пешина
аз 161
навбатӣ