Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Хуб, канӣ, ин чи
чиз аст? - гуфта ба Анӯшервон муроҷиат намуд
полковник, – канӣ, як ғайрат кунед чи, писарам, -
гуфта интизори посух нашуда давом дод, –сабаби ба
ин ҷинояти сангин даст задани ӯ экрани телевизион,
экрани компютер, экрани телефону смартфону кулли
экранҳое, ки ба паҳн намудани аъмолу рафтори
номатлуби гуногун раавона шудаанд, ба ҳисоб
меравад. Он фарҳанге, ки экранҳо пахш менамоянд,
куллан бо зиндагии беғами « ситораҳо»-и кинои
хориҷӣ, бадастоварии пули бе дарди миён,
муносибатҳои сабуки маҳрамона, васвасаи ҳаёти пур
аз серию пурӣ аст, ки паҳнкунандаи асосии онҳо
филмҳои Холивуду Боливуду даҳҳо ширкатҳову
манбаъҳои дигар мебошанд. Маҳз хоҳиши зистан дар
чунин ҳаёти афсонавӣ баъзе ҷавонони сустиродаву
эркаро ба содир намудани ҷинояти сангин водор
мекунад. Ба андешаи ҷинояткор монеаи асосии
расидан ба орзуҳояш бибию бобои ҷониаш буданд. Ин
психологияи ақли носолими ҷинояткор аст, ки дар
чолу кампир монеаро дида, чандин карат захми корд
расонидааст, зеро ягона роҳи ба даст овардани маблағро маҳз дар куштор медид.

пешина
аз 161
навбатӣ