Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

мекунем, шумо албатта дар бораи фоҷеаи даҳшатнок,
ин амали ғайриинсонӣ, ки соли гузашта, мо аз
расонаҳо огоҳ шудем, маълумот доред. Сухан дар
бораи марги чолу кампир аз дасти набераи ҷониашон
меравад. Бале, набераи ҷонӣ… Охир ин корро бинед,
ки барои ба даст овардани маблағи ночиз, ин лаънатӣ
бо роҳи фиреб ба хонаи чолу кампир даромада, бобои
худро беш аз даҳ ва бибияшро беш аз 20 корд задаву
ваҳшиёна кушта, пули ночизи онҳоро гирифта аз ҷои
ҳодиса гурехтааст. Ростӣ, ҳафтаи гузашта дар сари ин
масъала баҳсҳои зиёде кардем. Профессор тахмин
дорад, ки ин бача шояд нашъаманд буд. Чунин амали
ваҳшиёнаро шахси солим намекунад. Усто Салим
бошад, дар он ақидааст, ки сабаби ин фоҷеа муҳити
зисти ин ҷавон, аниқтараш бо кӣ дӯстиву рафтуомад
доштанаш аст, яъне ин ҳам метавонад чунин одами
бадафъолро ба дунё оварад. Лекин ақидаи ман каме
дигар аст. Тарбияву таъсири ёру рафиқи бад албатта
метавонад дар ин фоҷеа саҳмгузор бошад, аммо
сабаби асосӣ аз нигоҳи аввал ҳатто беозор ҳам
менамояд. Ин чизест, ки сабилмонда чунон моро ба
худ одат кунонидааст, ки аз фарзанд ҳам дида ба ӯ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунем.

пешина
аз 161
навбатӣ