Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Агар ба ҳисоби
миёна одам дар як шабонарӯз 8 соат хоб равад, сеяки
ҳаёташ дар хоб мегузарад, сеяки дигараш дар кору бор
ва боқимондааш барои дигар машғулиятҳо ва аз ин
ҳашт соати боқимондае, ки инсон бояд бо оилааш,
тарбияи фарзанд, эҷодиёт ё гаштугузор дар табиат
гузаронад, аз ним зиёди ҳаёташро дар рӯ ба рӯи оинаи
нилгун ё экрани телефону планшету дигару дигар
сарф мекунад. Агар 4 соатро ба давоми умр зарб занем
ин чандин даҳсолаҳо мешавад. Барномаҳои гуногуни
ба ном дилхушӣ, каналҳои зиёди рангоранг, чунон дар
доми худ моро гирифтор намудаанд, ки вақти
андешаронӣ намемонад. Охир, кай фурсати фикрронӣ
пайдо кунем, агар тамоми диққати мо дар экрани
телевизион банд аст? Ана ҳамин чизро ба инобат
гирифта, тамоми ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон бо
кумаки мутахассисону равоншиносон, даҳҳо институт,
маркетологҳои номӣ ба психологияи инсон таъсир
расонида, рекламаҳои беинтиҳои гуногунро эҷоду
пахш менамоянд. Ҳамаи ин ба шуури мо ворид шуда,
ба харидорӣ намудани маҳсулоти тамоман камсифат даъват мекунад, - фикрашро ба итмом расонд полковник.

пешина
аз 161
навбатӣ