Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

-Дӯстон, биёед ба ин масъала аз паҳлӯи дигар назар кунем, - дар даст пиёлаи сафолини чой, бо оҳанги орому ботамкин суханро давом дод профессор.

  • Экранҳо худ як асбоби идораи фикру рафтору фарҳанги омма ба шумор мераванд, инҷо нафақат экранҳо, балки васоити ахбор низ саҳми бузург дорад.
    Аммо баҳси имрӯза танҳо дар бораи таъсири экранҳо, аз ҷумла оинаи нилгун, ки меравад, мо бояд аз хотир набарорем, ки тамоми экранҳои дунё барои идора кардани ману шумо барин одамон истифода мешавад.
    Оинаи нилгун метавонад тафаккури инсонро тағйир дода, ӯро инкишоф диҳад, забонҳои хориҷиро омӯзонад, ё дар бораи илму навгониҳои олам маълумот диҳад, зеро иқтидори беохир дорад, аммо бо сабаби манфиат наовардани баъзе барномаҳои фарҳангӣ, ҳоло барномаҳои фаҳш, филмҳои куштор, бераҳмиву зӯроварӣ 90 фоизи барномаҳои телевизионҳои ҷаҳонро забт кардаанд. Аз ин чиз, соҳибони реклама низ бурд намуда, мунтазам рекламаҳои фачу пучи асабикунандаи худро дар ин барномаҳое, ки ахлоқу фарҳанги кулли башариятро коста намудаанд, пахш мекунанд, - гуфта пиёлаи чойро ба болои дастархон гузошт профессор.
пешина
аз 161
навбатӣ