Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан
  • Ин ҳам фикри ҷолиб аст, яъне ба андешаи шумо одам худ муҳтоҷи барномаҳои сабуку фач аст, муҳтарам профессор? - усто Салим суол намуд аз афташ хело хурсанд шуда, ки баҳс мисли оташи танӯр аланга мегирад.
    -Афсӯс, ки чунин аст, - посух дод профессор. – Агар як ба як саҳифаҳои таърихи башариятро варақ занед, ҳар кадоми он олудаи хун аст, зеро инсон доимо дар ҷустуҷӯи ягон моҷаро мебошад… Мисоли равшани чунин андеша муборизаи гладиаторҳо дар Руми қадим шуда метавонад, ки халқ муҳтоҷи набарду таассуроти нав буд. Ҳозир бошад ин нақшро телевизион ё тавре, ки Салимҷон мегӯяд, экранҳо бозида истодаанд. Тавассути экранҳо, одам танҳо ҳирси ваҳшонияти худро қонеъ мекунад ва на бештар аз ин. Агар шахс умуман оинаи нилгунро тамошо накунад, боварии комил дорам, ки ҳеҷ чизро аз даст намедиҳад, ҳатто чизҳои муфиди бештарро дарк карда, муҳим осудахотир мешавад. Инсон бояд ҳамеша дар ҳаракат бошад, эҷод кунад, меҳнат кунад, аммо аз сабаби он ки дар иҳотаи экранҳо мебошад, маҳз экранҳо ӯро тавассути фишангҳояш, аз ҷумла филмҳои бемаънӣ, ки имрӯз тақрибан 99 фоизи телевизионҳои ҷаҳон маҳз чунин филмҳоро пахш мекунанд, ба олами пучу бофта ворид месозаду, инкишофи ӯро бозмедорад.
пешина
аз 161
навбатӣ