Фарзияи усто Салим

Дар ягон давру замон башарият нисбат ба пешрафти технологӣ чунин оҷиз набудааст. Ва воситаи асосии оҷизии одам, рӯз аз рӯз ба таназзули ҷисмониву ақлонӣ расонидани ӯ маҳз ин экранҳо мебошанд… – боз лаҳзае сукут намуда суханро аз нав давом дод.
– Инро бин писарам, экранҳо моро пурра иҳота намудаанд, агар дар асри бист ягона экране, ки ин қадар диққати моро ба худ ҷалб мекард, экрани телевизион бошад, акнун чӣ? Экрану экранчаҳо шурӯъ аз соати дастии электронии замонавӣ, то ба телефонҳои дорои ҳазорҳо нағмаю бозиҳо, телевизору, компютеру, кинотеатр ва ҷойҳои бешумори дигар рӯз аз рӯз фазои зиндагии моро танг мекунанд. Экранҳо чӣ хӯрдан, чӣ гуфтан, ҳатто чӣ пӯшидану, кай пӯшиданро ба майнаи сари мо бор мекунанд. То ҳадде рафтааст, ки имрӯз наздиктарин дӯсти инсон, ки ҳамеша бо ӯст ва вақти зиёди ҳаёташро ҳамроҳаш мегузаронад, бе вай як сония ҳам истода наметавонад, мисли нашъаманд аз дур шуданаш азоби сангин мекашад, ин маҳз ҳамин экранҳо мебошад, – гуфт мӯйсафед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё