Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Чизе дар хислату рафтори ин ҷавон ба мӯйсафед хело наздик буд, шояд ӯ ба писараш, ки дар синни 25- солагиаш бо ин олам падруд гуфт, монандӣ дошт, ё шояд ҷавонии худашро ба хотир меовард, хулоса ситораҳои ин ду нафар ба ҳам рост омада, бо бовари комил гуфтан мумкин буд, ки дар ояндаи наздик дӯстони ҷонӣ мешаванд.
– Анӯшервон, ту албатта чунин рафтори манро нисбат ба телефони мобилӣ аҳамият додию ангушти ҳайрат газидӣ, вале ин рафтори ман бесабаб нест.
Тӯли чанд соли охир нисбат ба телефону телевизор ва умуман ҳар чизе, ки дорои экран асту диққати моро ба худ ҷалб мекунад, як фарзияеро кашф кардаам, ки ба ту мехостам баён кунам,- гуфта бодиққат ба чашмони Анӯшервон назар андӯхт, гӯё кӯшиш мекард, ки фикри ӯро хонда барояд.
– Барои исботи он як-ду суҳбат кифоя нест, шояд баъзе чизҳоро худат низ мушоҳида кунӣ, ё аллакай ҳамарӯза дидаву шунидаӣ. Фарзияи ман ин аст, ки ҳаёти башарият дар асри XXI пурра зери таъсири технологияҳо, ба қавле «гаҷетҳо» ва таҷҳизотҳои электронӣ мондааст ва ин таъсирот чунон зиёд аст, ки шартҳои худро ба ману шумо бор мекунад.

пешина
аз 161
навбатӣ