Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Пас аз лаҳзае дар кушода шуду мӯйсафед, ки маълум буд аз дидори Анӯшервон хело шод аст, ӯро гарм пешвоз гирифт. Даромадан пас Анӯшервон телефони мобилиашро хомӯш карду дар кунҷи утоқ намоишкорона гузошт. Усто ин чизро дида, хело хурсанд шуд.
– Офарин писарам, офарин маълум, ки ту (усто беихтиёр чун ба фарзандаш «ту» гуфта муроҷиат мекард) аз он фирқаи кормандони дағал набудаӣ, маро мефаҳмӣ, – гуфта обҷӯшонаки хурдакакро аз даруни чойники оҳанин бароварда, оби ҷӯшидаро ба даруни чойники сафолин рехту санбӯсаҳоро рӯи табақча гузошта, ҳарду нишаста ба суҳбат оғоз намуданд.
Мӯйсафед як гази калон гирифта, дар дасти рост санбӯсаву бо дасти чапаш пиёлаи чойро ба дӯсташ дароз намуд.
Дар сари Анӯшервон танҳо як суол чарх мезад ва ӯ намедонист чӣ гуна ин суолро дода, сабаби ҳаррос доштани мӯйсафедро аз телефонҳову умуман технологияҳои муосир пурсон шавад. Вале пирамарди зирак, худ суханро оғоз намуд, зеро ӯ муҳтоҷи рози дил намудан ва ташнаи суҳбати самимӣ буд. Аз Анӯшервон дида шунавандаи беҳтарро барояш пайдо кардан ғайриимкон буд.

пешина
аз 161
навбатӣ