Фарзияи усто Салим

Ҳангоми суханрониаш, усто Салим ба эҳсосоти сахт гирифтор шуда, аз ҷой хеставу дастони дарозашро бо ҳаракатҳои тез ба чапу рост партофта сухан меронд. Чунон ба назар мерасид, ки чашмонаш бегона шудаанду ягона мақсадаш тезтар тамоми фикрашро, ки пайдарҳамии амиқе надошта мантиқан фаҳми онҳо душвор буданд, ба Анӯшервон баён намояд.
Ҳамзамон Анӯшервон бори дигар мӯътақид шуд, ки мӯйсафед девона шудаасту, экранҳоро сабаби тамоми бадбахтиҳои башарият мешуморад.
– Ана маҳз аз ин лиҳоз, ман худро аз экранҳо дур месозам, зеро онҳо ягон чизи хубро ба одам дода натавониста, баръакс сабабгори асосии пӯсиши ҳастии инсоният мегарданд, – давом дод мӯйсафед.
– Узри зиёд, ки ман туро бо ин фарзияи худ каме хаста кардам. Акнун як суол доштам, мехостам фаҳмам, ки ту оид ба ин фарзияи ман чӣ андеша дорӣ?
Анӯшервон, ки аз ин кашфиёту фарзияҳои мӯйсафед чӣ гуфтанашро намедонист, ахиран барои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё