Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Акнун аз рӯи муттаҳамиашон худашон мисли шутурмурғи африқоӣ, ки дар назди хатар сарашро зери қум пинҳон мекунад, барои гирифтани имзои ман шуморо фиристониданд. Ҳеҷ гап не, ҳоло маҷлисҳои дигар дар пешанд, ана баъд бозиро давом медиҳем, – хитоб намуд мӯйсафед.
Анӯшервон, ки ин лаҳза бодиққат ба мӯйсафед назар андӯхта буд, ба хулосае омад, ки бо вуҷуди ин қадар воҳимаю гумонҳои бади аҳли коллективу шахсан худаш нисбат ба ин мард, усто Салим он қадар бадвоҳима набудааст. Албатта усто хело асабонӣ ва бениҳоят инсони мураккаб буд, вале дар ӯ кадом як қувваи ботиние эҳсос мегардид, нигоҳи таъсиркунанда ва ҳамзамон қатъии мӯйсафед ба Анӯшервон хело маъқул шуд ва ин чиз яроқи асосии усто буд, ки бо як назар метавонист ҳар навъ рақибро таслим кунад.
Баъдан, зоҳиран аз синну соли худаш дида ӯ хело ҷавон менамуд, шояд аз сабаби он бошад, ки хушқадуқомат, китфони паҳн, дастони калону пурқувват дошт.

пешина
аз 161
навбатӣ