Фарзияи усто Салим

Анӯшервон, ки аз ин хоҳиши усто ҳайрон монда буд, зуд телефони замонавиашро хомӯш карду тақрибан панҷ қадам дуртар аз усто Салим, ба болои курсии фарсудаи кунҷи хона гузошт.
Пас аз иҷрои ин хоҳиш, мӯйсафед якчанд лаҳза ба самти телефони мобилии Анӯшервон назар андӯхта, – хомуш кардед? Ташаккур, ӯ хомӯш аст, – ва боз якчанд калимаҳои печидаи нофаҳморо зери лаб гуфта, чашмашро ба самти варақаи маош дӯхт.
Анӯшервон бошад оромиро афзал дониста, танҳо дар фикри он буд, ки ҳарчи зудтар аз ин утоқи пурғусса барояд.
Усто Салим, бодиққат варақаро аз назар гузаронида, як хандаи ҷунунангезе баровард, ки аз ин Анӯшервон як қад парида, қариб буд аз дар баромада гурезад. Ин хандаи баланд, айнан мисли хандаи дар маҷлиси ҳафтаи гузашта шунидааш буд, ки аҳли толорро ба ҳайрат гузошт.
Ин ҳолатро усто пай бурда оромона суханро давом дод, – узри зиёд, ки шуморо тарсонда мондам, бо ин хандаи фачам, манро рафтори аблаҳонаи директори корхона ва шуъбаи молия ба ин вазъ овард, аблаҳҳо, оҳ аблаҳҳо, муттаҳамҳо, муфтхӯрҳо гумон карданд, ки ман Салим Мухторовро аҳмақ мекунанд, хестед, ки хобед, ман 40-сола стажи кориамро ба ин мӯйҳои сафедам иваз кардаам, шумо мисли ман гурги борондидаро ҳоло надидаед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё