Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар рӯ ба рӯи ҷевон мизи корӣ ҷойгир буд. Дар ҳар кунҷи утоқ ғарами варақаҳо, нақшаҳои кашидашуда, бастаҳои рӯзномаҳои гуногуни фарсудаю пурчанг мехобиданд.
Дар дохили утоқ ягон нишоне аз асбобҳои электронӣ, чун телефон, радио, телевизор, ё компютер вуҷуд надошт. Чунин ба назар мерасид, ки шумо дар осорхона бо намунаи утоқи асри XIX шинос мешавед.
Утоқ, дар чангу тори тортанак ғӯтидаву бетартиб буд.
Аз зиёд будани чанг Анӯшервон чанд маротиба атсаи баланд зада, хомӯшии ҳуҷраро халалдор менамуд. Ӯ мехост тезтарак аз он ҷой баромада равад.
– Марҳамат, устод, ана ин варақаи музди меҳнат, дар ин ҷо имзоятон лозим аст, - муроҷиат намуд Анӯшервон. Аммо усто бо асабоният ба дасти чапи Анӯшервон назар карду яқин чизе гуфтанӣ буд.
Чашмонаш пуризтироб буданд. Ахиран усто Салим муроҷиат намуд, - илтимос телефонатро хомӯш карда, ҳо дар он кунҷи утоқ монед, писарам.

пешина
аз 161
навбатӣ