Фарзияи усто Салим

Ҳаракатҳои чолоки усто аз он шаҳодат медод, ки дар вақташ ба ягон намуди варзиш, шояд гӯштӣ машғул будааст ва ё ҳоло ҳам тамрин мекунад, зеро ӯ бениҳоят чолоку бардам буд.
Дар навбати худ, ситораи Анӯшервон низ ба мӯйсафед писанд омад ва ӯ худро дар наздаш хеле озод ҳис мекард, ки барои чунин шахсият воқеаи нодир буд. Оромтабиатию бодиққатии хосаи Анӯшервон, маҳорати бодиққат гӯш кардану шунида тавонистани ҳамсуҳбат ва чеҳраи некбинона доштанаш сабаби муваффақияти ӯ дар санъати муошират ба шумор мерафт.
– Ин номумкин аст! – чеҳраи пур аз табассуми Анӯшервонро дида бо овози баланд хитоб намуд Умед, – аҳсан дӯстам, аҳсан имзоро гирифтӣ. Ҳозир ба Катюша занг мезанам, ки биёяд, - баъд аз чанд лаҳзае, Катюша бо суръати кайҳонӣ аз утоқи кориаш ба назди Умеду Анӯшервон омада, варақаи имзошударо гирифту Анӯшервонро сахт оғӯш карда, миннатдории зиёд изҳор намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё