Фарзияи усто Салим

– Субҳ ба хайр сомеони гиромӣ, соат дар пойтахт 7.00 ва ман Ди-Джей Насим тӯли се соат бо шумо хоҳам буд ва инак шурӯъ мекунем бо маълумот оид ба обу ҳаво. Имрӯз дар пойтахт ҳаво бе бориш буда, то 37 дараҷа гарм мешавад. Нафароне, ки дар рухсатиаанд ба онҳо истироҳати бофароғатро таманно намуда ва ба онҳое, ки айни ҳол ба кор равона ҳастанд, барори кор хоҳонем.
Ҳар субҳро Нигинабону – ҳамсари қаҳрамони асари мо аз шунидани садои радиои мавҷи ФМ шурӯъ менамуд. Субҳи зебои нотакрори чилаи тобистон, (одатан ба моҳҳои июл рост меояд) шурӯъ аз соати 5-00 нури хуршед қувват мегирад. Шунидани радио одати деринаи Нигинабону буд, зеро ӯ зани тақрибан 24-сола, миёнақад ва серҳаракату зиндадил, бо дили нарму чеҳраи кушод хислати баръакси ҳамсари азизаш буд…
1 Ди-Джей (Disc-jockey) – нафаре, ки тағйир додани маводи аудиоиро мисли оҳанги мусиқӣ ё суруд ба роҳ мемонад.
Ровиёни радио, ки яке аз вазифаҳояшон пахши мусиқист, худро чун ди-джей муаррифӣ мекунанд.
ФМ (FM) – маънои диапазони радиоӣ ба шумор меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё