Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ин тафовутро фарқи синнусоли зану шавҳар, ки тақрибан 13 солро дар бар мегирад, боз ҳам равшантар нишон медод. Хонаводаи Сардоровҳо аз се аъзо, сардори оила Анӯшервон, ҳамсари ҷавонаш Нигинабону ва писарчаи чаҳорсолааш Рустам иборат буда, ин оила дар хонаи дуҳуҷраии 45 метри мураббаъ дар бинои чаҳорошёнаи сохтмони солҳои охири навадуми асри гузашта хушбахтона умр ба сар мебаранд.
Хонаи онҳо дар минтақаи наздиктарини маркази шаҳр, ки ба тамоми муассисаю мактабу бозору беморхонаҳо бо якчанд қадам гузоштан метавон расид, ҷойгир буд. Нигинабону зани хонашин буда, вақти холигии худро машғули тамошои филмҳои бисёрсериягии туркию русӣ, ки дар ин шабу руз миёни ҳаводорони ин намуди санъат хело маъруф шудааст, гузаронида, инчунин ба тарбияи фарзанди ягонаву кори рӯзгор машғул буд.
Ӯ хатмкунандаи коллеҷи тиббӣ буда, аз сабаби маоши начандон баланди ҳамшираи шафқат ва талаботи сангини ин касби душвор, хонашиниро интихоб намуд, ки ин иқдом ҳам барои ӯ ва ҳам барои Анӯшервон писанд буд.

пешина
аз 161
навбатӣ