Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса

Китоби мазкур фарогири талоши қаҳрамони асар барои раҳоӣ ёфтани инсоният аз пурзӯртарин васоити вобастакунанда-падидаҳои бади офаридиҳои электронии замони муосир, аз қабили телефонҳои мобиливу шабакаҳои интернет мебошад. Муаллиф дар роҳи ҳимояи асолати миллӣ, ба ҷустуҷӯи омили хатарзо даст мезанад. Ӯ аз номи қаҳрамони асари худ андеша намуда, шахсро барои дубора рӯ овардан ба арзишҳои милливу умумиинсонӣ, ба фарҳангу маънавиёт даъват мекунад. Ҷузъиёти хосси хислат, баҳсу музокира ва андешарониҳои персонажҳои асар имконият медиҳад, ки китоб ба шавқ хонда шавад.

Мавзӯи қиссаи нависандаи ҷавону тозакор Бахтиёри Роҳат “Фарзияи усто Салим” имрӯз мавзӯест, ки аҳамияти фавқулодаи иҷтимоию маънавӣ насб кардааст. Ин мавзӯъ талоши инсон барои раҳоӣ аз асорати падидаҳои бади офаридаҳои фаннии худ, хусусан, асбоби электронӣ – экранҳои намоишӣ ва хушрабо, дубора рӯй овардан ба “фурӯғи субҳи доноӣ” – китоб мебошад.
Қаҳрамони қисса усто Салим дар сарнавишти талхи худ ин падидаи фоҷиаангезро таҷриба карда, бо як ҳиммати фавқулода, ки бо аҷобату камназирии худ то ҷое талошҳои Дон Кихоти машҳури нависандаи испанӣ Сервантессро ба ёд меорад ва муҳаббату дилсӯзии хонандаро бармеангезад, бар алайҳи он ба мубориза иқдом мекунад. Муҳим ва арзишманд аст, ки нависандаи ҷавони тоҷик бар зарурати мубрами ин мавзӯъ пай бурда, талош кардааст, ки ба қадри ҳол дар ҳаллу фасли он саҳм бигирад ва метавон гуфт, ки дар ин талоши масъулиятшиносонаи ӯ осори муваффақият ба чашм мерасад. Симоҳои тасвиршуда дар қисса яксону беранг нестанд, ҷузъиёти хосси хислат ва симои персонажҳо ошкор аст.
Хусусан, хислат (характери) қаҳрамони қисса усто Салим равшан ва эътимодбахш эҳсос мешавад. Хонанда эътимод ҳосил мекунад, ки ин қаҳрамон барои расидан ба ҳадафи худ ба ҳар фидокорие омода аст, агарчи ҳадафи ӯ ормонгароёна ва аз имконоти мавҷуд дар дастрасии қаҳрамон хеле бузургтару азимтар мебошад.
Муҳимтар аз ҳама нияти нек ва талоши холисонаи ӯст, ки бояд ба хонанда интиқол шавад.
Забони қисса содаву равон ва имрӯзӣ мебошад. Бо вуҷуди баъзе мавридҳои тахассусӣ, хонанда ба моҳияти баёноти нависанда метавонад ба дурустӣ сарфаҳм равад.
Дар ниҳоят, боиси хушнудист, ки ба қаламрави густурда ва фарохи насри муосири тоҷик боз як нависандаи ҷавон бо эҳсоси гарми масъулияти иҷтимоӣ ва маънавию инсонӣ қадам мегузорад. Умед аст, ки робитаи ӯ бо хонандагон ба воситаи асарҳои хубу хонданӣ ва ҳовии мавзӯву масъалаҳои ҳаётан муҳим қавӣ ва бардавом гардад.
Рустам Ваҳҳобзода

аз 161
навбатӣ