Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Бале ин ношукрӣ кардан аст аз бузургии китоб, ки аз ин ношукрӣ чизе бадтар набошад, зеро китоб ин баландтарин дастоварди инсоният, хулосаи кулли хулосаҳост ва дурӣ аз китоб дурӣ аз ҳастии инсон асту ба пӯсиши ҷисмониву маънавии инсон оварда мерасонад. Бале ин ношукрӣ аз китоб аст, китоб аз мо қасос мегирад…
– Монда нашудед дӯстонам? Ин суоли усто риштаи фикри Анӯшервонро бурида ӯро дубора ба паноҳгоҳ овард.
– Соат чанд шуд, писарам? – муроҷиат намуд полковник.
– Ақрабаки соат ба панҷи пагоҳӣ ишорат мекард, дӯстон шаби дароз саргарми суҳбат буда чӣ гуна гузаштни вақтро нафаҳмида монданд.
– Анӯшервон, писарам, ман як варақро ба ту медиҳам, рӯзи душанбе, ки ба кор баромадӣ, аз утоқи кориам, дар дохили ҷевон ду баста варақи тозаро мегирию онҳоро барои чоп сарф мекунӣ. Ана ҳамин варақро, ки ман ҳозир ба ту медиҳам, бояд ҳазор нусха чоп кунию дар кӯчаҳои шаҳрамон часпонӣ. Ман гумон мекунам, ки ин душвор намешавад, зеро маълумоти дар варақ буда қадами нахустин барои наҷоти башарият аст.

пешина
аз 161
навбатӣ