Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Муаллима таъкид намуд, ки беэҳтиромӣ нисбат ба нон баракатро медуздад. Инсон худро ба азоби гуруснагӣ меорад, то ба қадри нон бирасад. Воқеан, мо чандин борҳо шоҳид будем, ки аз исрофи зиёд, чандин тамаддунҳо несту нобуд гардидаанд, бале ин чизро исрофкорию ношукрӣ мегӯянд. Агар нон инсонро аз гуруснагӣ наҷот медода бошад, ҳамин тавр китоб низ муқаддас аст, зеро шахсро аз бемаърифатӣ наҷот медиҳад ва дар сурати беэҳтиромӣ ба китоб, сӯзонидану нобуд кадани он инсониятро оқибатҳои бад интизоранд. Шояд он бадбахтиҳое, ки айни ҳол ба сари кулли башарият чун пораҳои абри сиёҳ гирд омадаанд, маҳз бо сабаби рӯй гардондан аз китоб, донишу маърифати асил бошад.
Анӯшервон беихтиёр ба фикр фурӯ рафт. Бале, бо боварӣ гуфта метавонем, ки аксарияти хонаводаҳои мо экранҳоро бештар аз китоб дӯст дошта, дар хона ягон ҷое барои китобҳояшон надоранд. Ҳамин ки китоб ба даст мегирем, ҳатман хобамон меояд ё ягон баҳонаи дигаре меёбем, ки онро як тараф гузорем.
Акнун мо ҳайрон мешавем, ки чаро одамон бераҳм шудаанду ҳисси масъулит надоранд, ё ҷавонон бадахлоқанду пирон ғар…

пешина
аз 161
навбатӣ