Фарзияи усто Салим

– Сипас усто лифофаро ба Анӯшервон дароз намуд, полковнику Анӯшервон кунҷковона ба лифофа назар карданд, аммо усто таъкид намуд, ки то ба шаҳр нарасанд, онро накушоянд, зеро навиштаҷоти он боз баҳсҳои зиёдеро ба бор меовараду барои фаҳмондан вақт боқӣ намондааст. Анӯшервон ваъда дод, ки то расидан ба шаҳр лифофаро намекушояд.
– Хӯш ки бошад, дӯстони ман, акнун хайрухуш мекунем, ки то шаҳр роҳ дур аст, полковник бошад, беш аз 60 км/с мошинро намеронад, барои ҳамин, биёед, хайрухӯш кунем, – гуфта аз ҷояш хеста ба самти зинапояи баромади паноҳгоҳ равон шуд.
Бо тамоми хислати нотакрораш, ки шояд барои атрофиёнаш нофаҳмо бошад, усто Салим дар фарзияи худ қатъӣ буда, аз он ҳимоя мекард. Танҳо барои чунин ҷасорату далерии ин мард ӯ сазовори эҳтиром буд.
Шояд фарзияи ӯ асли воқеият ҳам дошта бошад, зеро тамоми далелҳои овардааш дар хусуси зарари экранҳои телефон, телевизор ва умуман интернету мавҷҳои электромагнитӣ дар ҳаёти маишии мардум аён аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё