Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Тӯли ин вақти дар паноҳгоҳ буданам, ман роҳҳои раҳоӣ ёфтан аз экранҳоро андеша мекардам. Ҳатто якчанд роҳи хубро низ пайдо кардам, аммо онҳо дар назди таъсири экранҳо дер истодагарӣ карда наметавонистанд. Холо бо исрор мегӯям: ягона раҳоӣ ёфтани мардум аз ҳуҷуми экранҳо дар ҚОҒАЗ аст, аниқтараш КИТОБ аст! КИТОБ – наҷоти одамизод аз таназзул аст. Манзури ман танҳо ду-се номгӯи китобҳои машҳури ҷаҳон нест. Китоб ба маънои куллаш, тамоми афкори нодиру пуранвори олам, ки бо забонҳои гуногун, аз қадим то ба имрӯз чун ганҷи бебаҳо маҳфуз асту интизори кашфи одами солимақл мебошад. Бубинед, ки тамоми бадбахтиҳои олами муосир, маҳз аз беаҳамиятӣ нисбат ба китоб аст.
Таърих гувоҳ аст, ки барои нест кардани фарҳанги ягон миллату халқият, нахуст китобхонаҳои онро месӯзонданд, то ки мардум аз фарҳангу дониш дур монаду асолати худро фаромӯш кунад. Миллати бефарҳангро зери асорату истисмор нигоҳ доштан осонтар аст. Бефарҳангӣ ба зулму ҷоҳилӣ, фаҳшу нестӣ меоварад. Кимматтарин алмоси рӯи замин баробари китобҳои нодир арзише надошт. Тамоми бадбахтиҳои имрӯзаро дар мисоли экранҳо-инсон худ ба сари худ овард.

пешина
аз 161
навбатӣ