Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Стратегияи экранҳои электронӣ оҳиста-оҳиста нест кардани ҳама чизи инсонист, яку якбора накушта, балки батадриҷ нобуд месозанд. Ягона роҳ идора карда тавонистани тафаккур аст, тафаккури суст гирифтори доми ҳар навъ хоҳишу васвасаҳои хом мегардад.
Анӯшервон ҳис мекард, ки фикри усто ба авҷи аъло расидааст ва ӯ ҳозир яку якбора ҳалли ин муаммо, яъне раҳоӣ ёфтан аз экранҳоро пешниҳод мекунад.
– Устоҷон, шаф-шаф нагуфта шафтолу гӯеду монед охир! – Бо як навъ асабоният хитоб намуд полковник.
Ба ин феъли рафиқаш усто кайҳо боз гардан фуроварда буд, аз ин лиҳоз ба ивази сахтиҳои полковник ӯ ҳамеша бо табассуми самимӣ ҷавоб медод.
– Майлаш-майлаш, хоб шудааст, аз шафтолу сар мекунам, – гуфта дар болои курсии мулоим нишасту қабл аз пешниҳод кардани ҳалли раҳоӣ аз экранҳо дақиқае сукут намуд. Бо ин рафтораш ба вазъияти бе он ҳам муташшаниҷ оҳанги асроромезе даровард.

пешина
аз 161
навбатӣ