Фарзияи усто Салим

Сабоҳатбону фақат дар фикри он буд, ки бародарашро аз ин ҳолати вазнин барорад ва тамоми ҳастиашро баҳри наҷоти ӯ бубахшад.
– Канӣ гап зан, о ба ту чӣ воқеа рӯй дод? – муроҷиат намуд зан ба усто Салим. Магар ту то ба ҳол ба худ наомадаӣ? Магар намефаҳмӣ, ки бо ин амалат онҳоро бозпас намегардонӣ? Онҳо рафтанд, халос, бояд зиндагиро давом дод. Ғуссаи зиёд хӯрдан ин худ гуноҳи бузург аст, – бо ду дидаи пур аз ашк ба бародараш нигоҳ карда мегуфт зан. Ё мехоҳӣ дар наздат илтиҷо кунам?
Ана, бин, ман ба ду зону истодаам, – гӯён воқеан дар назди мӯйсафед дузону нишасту бо дастонаш мустаҳкам пойҳои бародарашро, ки ҳанӯз рост истода буд, оғуш намуда мегирист. Усто Салим низ дигар аз нолиши хоҳараш тоқат накарда, як оҳи сарде бароварду ба зону афтода хоҳарашро оғӯш гирифт. Ду нафар бо сари хам бо алам зор-зор мегиристанд.
Полковник Анӯшервону профессорро оҳистаяк ишора намуда аз хона баромада рафтанд. Дар саҳни ҳавлӣ профессор бо ҷиддият илова кард, – дӯстон, бояд онҳо дилашонро холӣ кунанд, дар ин лаҳзаи ҳассос шоҳидии мо зарурат надорад, каме ором шаванд, Салимҷон худаш ба мо хабар медиҳад, ҳоло бошад ба ҳама истироҳати бофароғатро таманно дорам, Худо ҳофиз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё