Фарзияи усто Салим

Аз ин сабаб профессору полковник паҳлӯ ба паҳлӯ бо сари хам фақат гӯш карда ягон ҳаракати барзиёд намекарданд.
Дар кунҷи дигар Анӯшервон низ хапакак нишаставу ба чашмони зан рост нигоҳ мекард. Усто Салим бошад, дар бари хоҳараш буд ва ҳар боре ки ғазаби хоҳараш зиёд шуда бо эҳсосоти баланд ҳарф мезад, Салим бо имою ишора ва бо оғӯш гирифтани китфони хоҳараш, ӯро ором кардан мехост ва баъзан ба вай ин чиз муяссар ҳам мешуд.
Аслан чунин рафтори Сабоҳатбонуро фаҳмидан ҳам мумкин буд, зеро ӯ аз он хавф дошт, ки бародарашро аз даст медиҳад, вале ин хатарро маҳз дар шахсияти полковнику профессор медид. Ягона хоҳиши зан он буд, ки бародарашро аз ин шариконаш дур кунад ва тасмими бародарашро ҷиҳати руст шудан дар паноҳгоҳ дигар кунад.
Зан бародарашро хело дӯст медошт ва ин воқеӣ аст, барои ҳар як фард хешу ақрабо аҳамияти бузург доштааст, махсусан барои мардуми шарқ, ки эҳтиром нисбат ба падару модар, хоҳару бародар, ҳамсару фарзанд ва умуман хешу ақрабо муқаддас ба шумор меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё